Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ФУТЗАЛ: “ИСТИҚЛОЛ” ВА “ПОЙТАХТ” БА НИМФИНАЛ РОҲ ЁФТАНД

27.09.2021

: 523

Иштирокчиёни даври нимфинали лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021 муайян шуданд.

Пас аз натиҷагирии бозиҳои даври чорякфинал, дастаҳои “Истиқлол” ва “Пойтахт” ба даври баъдӣ роҳ ёфтанд. Дар бозиҳои дуюми даври чорякфинал “Пойтахт” бар дастаи “Помир” бо ҳисоби 6:0 (бозии аввал: 6:4), “Истиқлол” бар тими “Самандар” бо ҳисоби 5:0 (бозии аввал: 4:0) зафар ёфтанд.

Дар нимфинал “Истиқлол” бо чемпиони феълии кишвар – дастаи “Сипар”-и Хуҷанд ва “Пойтахт” бо “Соро компания” вомехуранд.

Дар асоси низомномаи чемпионат, даври нимфинал аз силсилаи бозиҳо то ду ғалабаи яке аз дастаҳо иборат аст. Ғолибони даври нимфинал дар финал вомехуранд, дастаҳои мағлуб барои ҷои сеюм бозӣ мекунанд.