Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ПИРӮЗИИ МУНТАХАБИ БОНУВОНИ ТОҶИКИСТОН БАР МАЛДИВ

27.09.2021

: 495

Дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон оид ба футбол дар даври дуюми мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар гурӯҳи “В” бар тими бонувони Малдив пирӯз шуд – 4:0.

Бозии дастаҳо шоми 26 сентябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе сурат гирифт.

Лайло Ҳалимова ду гол, Некубахт Худойдодова ва Натали Сотникова якголӣ заданд.

Дар даври аввал бонувони Ветнам бар Малдив бо ҳисоби 16:0 ғалаба карда буданд.

Дар даври ҷамъбастии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар гурӯҳи “В” 29 сентябр мунтахаби бонувони Тоҷикистон бо Ветнам вомехурад. Барои роҳ ёфтан ба даври баъдӣ ба футболбозбонувони мо танҳо ғалаба лозим аст.