Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ЛИГАИ ОЛӢ: КМВА БА ҶОИ СЕЮМ БАРОМАД

23.09.2021

: 98

21-22 сентябр бозиҳои даври 20-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд.

Клуби марказии варзиши артиш (КМВА) дар ин давр бар тими “Равшан”-и Кӯлоб бо ҳисоби 2:1 пирӯз гардида, ба ҷои сеюми ҷадвал баромад. Ҳисобро дар дақиқаи 33 бозингари тими “Равшан” Овусу Обед кушод. Футболбозони тими артиш Люк Менҷана Леонел дар дақиқаи 33 ва Фирӯз Бобиев дар дақиқаи 81 ду гол зада, ғалабаи КМВА-ро таъмин намуданд.

Дастаҳои пешсаф “Истиқлол” бар “Хатлон”, “Хуҷанд” бар “Файзканд” бо ҳисоби якхелаи 1:0 ғалаба карданд. Голи “Истиқлол”-ро Манучеҳр Ҷалилов, голи “Хуҷанд”-ро Дилшод Бозоров ба номашон сабт карданд.

“Душанбе” дар майдони худ аз тими “Эсхата” бо ҳисоби 1:2 шикаст хурд. Нимаи аввал бенатиҷа анҷом ёфт. Бозингарони ҳар ду даста дар нимаи дуюм фаъол гардиданд ва мухлисон шоҳиди се гол шуданд. Дар дақиқаи 50 Алинур Ниёзбеков ба суди бонкчиҳо гол зад. Пас аз 3 дақиқа Хуршед Абдуллоев ҳисобро баробар кард. Голи пирӯзиро Мубинҷон Муъминов дар дақиқаи 71 зад.

Дастаи “Куктош”, ки дар сатри охири ҷадвал қарор дорад, дар майдони худ тими “Истаравшан”-ро, ки дар ҷои сеюм буд, шикаст дод – 2:1. Футболбозони тими мизбон Бунёд Шодиев ва Азизбек Султонов дар нимаи аввал ду гол заданд. Ба ин Илҳомҷон Баротов аз тими меҳмон дар нимаи дуюм бо як гол ҷавоб гардонида тавонист.

Ҳамин тариқ, бо натиҷагирӣ аз 20 давр “Истиқлол” ва “Хуҷанд” мавқеъҳояшонро дар ҷойҳои якуму дуюм нигоҳ доштанд. “Истаравшан”, ки дар ин давр шикаст хурд, мавқеашро дар ҷои сеюм ба КМВА дод.

 ҶОЙ   ДАСТАҲО                                  Б       Ғ       М       Б        Т-Т            Х      
 1  "Истиқлол" (Душанбе)  19  15  3  1  56-7  48
 2  "Хуҷанд" (Хуҷанд)  19  12  2  5  39-19  38
 3  КМВА (Душанбе)  20  8  6  6  26-25  30
 4  "Истаравшан" (Истаравшан)        20  8  5  7  23-21  29
 5  "Эсхата" (Хуҷанд)  20  8  3  9  29-34  27
 6  "Хатлон" (Бохтар)  20  7  5  8  21-25  26
 7  "Равшан" (Кӯлоб)  20  5  8  7  19-24  23
 8  "Душанбе" (Душанбе)  20  4  6  10  21-44  18
 9  "Файзканд" (Восеъ)  20  4  5  11  13-26  17
 10  "Куктош" (Рӯдакӣ)  20  4  5  11  24-46  17