Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ФУТЗАЛ: “ПОЙТАХТ” ВА “ИСТИҚЛОЛ” ДАР БОЗИҲОИ АВВАЛИ ЧОРЯКФИНАЛ ПИРӮЗ ШУДАНД

20.09.2021

: 531

Дар шаҳри Душанбе 18 сентябр бозиҳои аввали даври чорякфинали лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021 баргузор шуданд.

Дастаи “Пойтахт” бар тими “Помир”-и Хоруғ бо ҳисоби 6:4 ғалаба кард. Дар ҳайати дастаи ғолиб Рамз Амрохонов хет-трик анҷом дод.

Дар бозии дигар “Истиқлол”-и Душанбе дастаи “Самандар”-и шаҳри Турсунзодаро бо ҳисоби 4:0 шикаст дод. Самандар Ризомов ду гол, Нусратшо Исмоилов ва Мирсаид Камолов якголӣ заданд.

Бозиҳои дуюми даври чорякфинал 25 сентябр доир мегарданд. Тибқи низомнома чорякфинал аз силсилаи бозиҳо то 2 ғалабаи яке аз дастаҳо иборат аст. Ғолибони чорякфинал дар нимфинал бо “Соро компания” ва “Сипар” вомехуранд. Нимфинал низ аз сислсилабозиҳо то ду ғалабаи яке аз дастаҳо сурат мегирад. Сипас, ғолибони нимфинал дар финал, мағлубон барои ҷои сеюм вомехуранд.