Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

НИММАРАФОНИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР ПАНҶАКЕНТ ДОИР ГАРДИД

НИММАРАФОНИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР ПАНҶАКЕНТ ДОИР ГАРДИД НИММАРАФОНИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР ПАНҶАКЕНТ ДОИР ГАРДИД НИММАРАФОНИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР ПАНҶАКЕНТ ДОИР ГАРДИД

20.09.2021

: 609

19 сентябр дар мавзеи сайёҳии “Ҳафткӯл”, Ниммарафони ҷумҳуриявӣ барои дарёфти ҷоизаи раиси шаҳри Панҷакент баргузор гардид.

Дар мусобиқа, ки ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон сурат гирифт, дар баробари давандҳои Тоҷикистон, намояндагон аз ҷумҳуриҳои Афғонистон, Қазоқистон, Федератсияи Россия, Туркманистон, Узбекистон ва Украина ширкат намуданд.

Дар маросими ифтитоҳи ниммарафон раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода ва раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон ва чемпиони Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро-2016 Дилшод Назаров иштирок карданд.

Беш аз 60 нафар иштирокчии ниммарафон дар масири аз кули якум то кӯли ҳафтум масофаи 21,7 км-ро тай намуданд.

Миёни мардон се ҷои аввалро намояндагони шаҳри Душанбе гирифтанд. Самариддин Азимов масофаи муайяншударо дар муддати 1 соату 30 дақиқа тай намуда, ҷои аввалро сазовор шуд. Ҷои дуюм насиби Меҳрубон Шамсиддинов (1:33) ва ҷои сеюм насиби Аъзамҷон Давлатов (1:34) гардид.

Миёни бонувон бошад, Маҳина Баротова (2:22) аз шаҳри Турсунзода аввалин шуда ба марра расид. Душанбегиҳо Ҷонона Мирзоева ҷои дуюм, Саодат Яҳёева ҷои сеюмро ишғол намуданд.

Миёни мардон ба ғолиби мусобиқа 500 доллари ИМА, ба барандаи ҷои дуюм 300 доллар ва ба барандаи ҷои сеюм 200 доллари ИМА тақдим карда шуд. Ба Маҳина Баротова 200 доллари ИМА ҷоизапулӣ дода шуд.

Ҳамчунин иштирокчиёни фаъол бо сипосномаву туҳфаҳои раиси шаҳри Панҷакент қадрдонӣ гардиданд.