Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

БОЗИҲОИ ҲАМБАСТАГИИ ИСЛОМӢ БА СОЛИ 2022 ГУЗАРОНИДА ШУД

05.05.2021

: 3125

5-ум Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ, ки мебоист 10-19 сентябри имсол дар шаҳри Қуния Туркия баргузор мешуд, як сол ба таъхир афтод.

Шӯрои иҷроияи Федератсияи варзишҳои ҳамбастагии исломӣ таҳти раёсати шоҳзода Абдулазиз ибни Туркӣ Ал-Файсал бо Кумитаи тадорукоти 5-ум Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ – Қуния-2021 бо роҳбарии вазири ҷавонон ва варзиши Туркия Меҳмет Муҳаррам Касапоғлу мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ ҳамаи масъалаҳо дар робита ба тадорукоти 5-ум Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ ва вазъияти феълии тандурустии ҷаҳон дар пасманзари пандемияи коронавирус баррасӣ гардиданд. Гуфта шуд, ки вазъи тандурустии ҷаҳон мумкин аст барои иштироки бисёре аз кишварҳо, ки иммунизатсияи COVID-19 суст ҷараён дорад, монеа эҷод кунад.

Бо сабаби он ки Федератсияи варзишҳои ҳамбастагии исломӣ ва Кумитаи тадорукоти бозиҳо ҷонибдори иштироки ҳамаи кишварҳои аъзо дар бозиҳо ҳастанд, тасмим гирифта шуд, ки 5-ум Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ соли 2022 аз 9 то 18 август баргузор карда шавад.

Дар аввал қарор буд, ки бозиҳо 20-29 августи соли 2021 доир мегардад. Вале баъд аз он ки моҳи марти соли 2020 Бозиҳои олимпӣ дар Токио ба соли 2021 гузаронида шуд, санаи баргузории Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ дар Қуния 10-19 сентябри соли 2021 муайян шуд.

Ба барномаи 5-ум Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ 20 намуди варзиш: варзиши сабук; камонварӣ; бадминтон; баскетбол 3х3; бочче; велосипедронӣ; шамшербозӣ; футбол; гимнастика; ҳендбол; ҷудо; каратэ; кикбоксинг; шиноварӣ; тенниси рӯи миз; таеквондо (WT); волейбол; вазнбардорӣ; гуштини варзишӣ; камонварии анъанавӣ ворид гардидааст.