Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО-2021: ПИРӮЗИИ “ИСТИҚЛОЛ” БАР “ШАБОБ АЛ-АҲЛӢ” ДАР ДАВРИ ПАНҶУМ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО-2021: ПИРӮЗИИ “ИСТИҚЛОЛ” БАР “ШАБОБ АЛ-АҲЛӢ” ДАР ДАВРИ ПАНҶУМ ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО-2021: ПИРӮЗИИ “ИСТИҚЛОЛ” БАР “ШАБОБ АЛ-АҲЛӢ” ДАР ДАВРИ ПАНҶУМ ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО-2021: ПИРӮЗИИ “ИСТИҚЛОЛ” БАР “ШАБОБ АЛ-АҲЛӢ” ДАР ДАВРИ ПАНҶУМ ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО-2021: ПИРӮЗИИ “ИСТИҚЛОЛ” БАР “ШАБОБ АЛ-АҲЛӢ” ДАР ДАВРИ ПАНҶУМ ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО-2021: ПИРӮЗИИ “ИСТИҚЛОЛ” БАР “ШАБОБ АЛ-АҲЛӢ” ДАР ДАВРИ ПАНҶУМ

28.04.2021

: 748

Чемпиони Тоҷикистон – дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар даври панҷуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё дар гурӯҳи “А” бар тими “Шабоб Ал-Аҳлӣ” аз Амороти Муттаҳидаи Араб бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд.

“Истиқлол” се холи навбатиро тавассути голи задаи Алишер Ҷалилов дар дақиқаи 90+6 ба даст овард. Ин сеюм пирӯзии “Истиқлол” дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё-2021 буд, ки дар Арабистони Саудӣ ҷараён дорад.

Дар бозии дигари гурӯҳ “Ал-Ҳилол” (Арабистони Саудӣ) бар тими АГМК (Узбекистон) бо ҳисоби 3:0 ғолиб омад.

Пас аз натиҷагирии панҷ даври бозиҳо дар ҷадвали гурӯҳи “А” “Истиқлол” ва “Ал-Ҳилол” бо 10-холӣ пешсафанд.

Дар даври ҷамъбастии марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё-2021 чемпиони Тоҷикистон “Истиқлол”-и Душанбе бо дастаи АГМК аз Узбекистон вомехуранд. Дидори дастаҳо 1-уми май соати 00:00 оғоз мегардад.

Лигаи чемпионҳои Осиё-2021
Гурӯҳи «А». 5-ум давр

«Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» (АМА) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – 0:1
Гол: Алишер Ҷалилов, 90+6.

«Истиқлол» (Тоҷикистон): Рустам Ятимов, Алексей Ларин, Андрей Мишенко, Зоир Ҷӯрабоев (Ваҳдат Ханонов, 90+1), Манучеҳр Сафаров, Аҳтам Назаров (Муҳаммадҷон Раҳимов, 90+6), Нуриддин Давронов, Шаҳром Сулаймонов (Хуршед Ҷӯраев, 90+1), Алишер Ҷалилов, Рустам Соиров, Манучеҳр Ҷалилов.

27 апрел. Риёз. Варзишгоҳи байналмилалии Шоҳ Фаҳд.

     Б    Ғ    М    Б    Т-Т    Х  
 1   "ИСТИҚЛОЛ" (ТОҶИКИСТОН)       
 5  3  1  1  9-6    10  
 2  "Ал-Ҳилол" (Арабистони Саудӣ)  5  3  1  1  11-7  10
 3  "Шабоб Ал-Аҳлӣ" (АМА)  5  1  1  3  4-6  4
 4  АГМК (Узбекистон)  5  1  1  3  7-12  4