Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

КБО СИЛСИЛАИ ФОСИЛАВИИ ОЛИМПИРО ЭЪЛОН КАРД

22.04.2021

: 2686

Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) аввалин Силсилаи фосилавии олимпиро (СФО) эълон карда, ба варзиши фосилавӣ қадам мегузорад.

Дар аввалин Силсилаи фосилавии олимпӣ намудҳои варзиши бейсбол, велосипедронӣ, қайиқронӣ, заврақронӣ ва автомобилронӣ ҷалб хоҳанд шуд.

СФО дар арафаи Бозиҳои олимпии Токио-2020 – аз 13 май то 23 июни 2021 баргузор мешавад. Силсилаи фосилавии олимпӣ дӯстдорони варзишҳои фосилавӣ ва варзишҳои электрониро дар саросари ҷаҳон барои расидан ба аудиторияи нави олимпӣ, дар баробари ин рушди намудҳои ҷисмонӣ ва ғайриҷисмонии варзиш мувофиқи тавсияҳои Рӯзномаи олимпӣ 2020+5 ташвиқ мекунад.

Президенти КБО Томас Бах гуфт: “Силсилаи фосилавии олимпӣ таҷрибаи нави беназири рақамии олимпӣ мебошад, ки ҳадафи он афзоиши робитаи мустақим бо аудиторияи нав дар самти варзиши фосилавӣ аст. Консепсияи он ба Рӯзномаи олимпӣ 2020+5 ва Стратегияи рақамии КБО мувофиқат мекунад. Он бо таваҷҷуҳи махсус ба ҷавонон, машғул шудан ба варзиш ва арзишҳои олимпиро ташвиқ мекунад”.

Дэвид Лаппартент, роҳбари гурӯҳи алоқаи КБО оид ба варзиш ва бозиҳои электронӣ (ELG) ва Президенти Иттиҳоди ҷаҳонии велосипедронӣ (UCI) гуфт: «Аз номи ELG ва UCI мегӯям, шодам, ки дар аввалин силсилаи фосилавии олимпӣ иштирок менамоем. Як қатор федератсияҳои байналмилалӣ мусобиқотро тавассути фосилавӣ хуб ба роҳ монданд ва бо шарофати ҳамкории байни КБО, федератсияҳои байналмилалӣ ва ноширони бозиҳо, СФО қадами ҷолибе ба пеш, барои ҷаҳони варзиши фосилавӣ ва Ҳаракати олимпӣ мебошад”.

Федератсияҳои байналмилалӣ ва ноширони бозиҳои зерин иштирокчии силсилаи фосилавии олимпӣ хоҳанд буд:

- Конфедератсияи ҷаҳонии бейсбол/софтбол (WBSC) – (eBaseball Powerful Pro Baseball 2020, Konami Digital Entertainment)

- Иттиҳоди ҷаҳонии велосипедронӣ (UCI) – (Zwift, Zwift inc).

- Қайиқронии академии ҷаҳонӣ – (формати кушода)

- Заврақронии варзишии ҷаҳонӣ – (Регатаи фосилавӣ, регатаи фосилавӣ SAS)

- Федератсияи байналмилалии автомобилронӣ (FIA) – (Gran Turismo, Polyphony Digital)

СФО як пойгоҳеро барои пайваст кардани ҷаҳони варзиши физикӣ бо ҷомеаи бозиҳои фосилавӣ ва симулятсионӣ ва имкони ҳамкорӣ бо Ҳаракати олимпиро фароҳам меорад. Ҳар як федератсияи байналмилалӣ чорабинии дахлдори худро дар формате пешниҳод хоҳад кард, ки иштироки оммавии онлайнро таъмин кунад ва фарогирӣ ва иштирокро тавассути СФО афзалият диҳад. СФО ба иштирокчиён дар саросари ҷаҳон имкон медиҳад, ки аз хона ё макони тамринии худ рақобат кунанд, то шурӯ ҳаяҷонро дар омодагӣ ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 эҷод намоянд.

Бо такя ба муваффақияти чорабиниҳои дахлдори худ, Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA), Федератсияи байналмилалии баскетбол (FIBA), ҳамчунин Федератсияи байналмилалии теннис (ITF) ва Таеквондои ҷаҳонӣ (WT) тасдиқ карданд, ки пас аз баррасӣ ва омӯзиш дар нашрҳои ояндаи СФО иштирок хоҳанд кард.