Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ФУТБОЛ: ЧЕМПИОНАТ МИЁНИ ДАСТАҲОИ ЛИГАИ ЯКУМ 24 АПРЕЛ ОҒОЗ МЕШАВАД

15.04.2021

: 674

Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон маросими қуръакашии Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи якум баргузор шуд.

Дар мавсими нави лигаи якум, ки дар ду марҳила баргузор мешавад, 12 даста иштирок мекунанд: “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода), “Панҷшер” (Ҷалолиддин Балхӣ), “Саройкамар” (Панҷ), “Исфара” (Исфара), “Барқчӣ” (Ҳисор), “Ваҳдат” (Ваҳдат), “Ҳулбук” (Восеъ), “Моҳир” (Ёвон), “Равшан” (Зафаробод), “Ҳосилот” (Фархор), “Динамо” (Душанбе), “Пахтакор” (Ҷаббор Расулов).

Дар асоси рақамҳои тартибӣ, ки дар қуръакашӣ маълум гардид, ҷадвали бозиҳо тартиб дода мешавад.

Мувофиқи системаи Бергер, дар даври аввал 24-25 апрел дастаҳои тариқи зайл вомехуранд:

«Ҳосилот» (Фархор) – «Равшан» (Зафаробод)
«Барқчӣ» (Ҳисор) – «Ваҳдат» (Ваҳдат)
«Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) – «Панҷшер (Ҷалолиддин Балхӣ)
«Саройкамар» (Панҷ) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)
«Исфара» (Исфара) – «Динамо» (Душанбе)
«Ҳулбук» (Восеъ) – «Моҳир» (Ёвон)

Дар асоси низомнома, пас аз натиҷагирии мавсим, ду дастаи беҳтарин ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки соли оянда дар лигаи олӣ бозӣ кунанд.