Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ФУТБОЛ: МУҚОБИЛИ МУҒУЛИСТОН КИҲО БОЗӢ МЕКУНАНД?

18.03.2021

: 815

Ситоди мураббиёни тими миллии Тоҷикистон оид ба футбол бо роҳбарии Усмон Тошев рӯйхати варзишгаронро муайян карданд, ки барои омодагӣ ба бозӣ муқобили дастаи мунтахаби Муғулистон даъват мешаванд.

Дидори дастаҳо дар доираи марҳилаи дуюми интихобӣ ба Чемпионати ҷаҳон-2022 сурат мегирад.

Ба рӯйхат 24 футболбоз ворид карда шудааст – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар.

Омодагии дастаи мунтахаби кишвар 19-уми март дар Душанбе оғоз мегардад.

Ёдрас менамоем, ки вохурии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Муғулистон 25-уми март дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Оғози бозӣ – 18:00.

Ҳайати тими миллии Тоҷикистон дар бозии интихобии ЧҶ-2022 муқобили Муғулистон:

Дарвозабонҳо:
Рустам Ятимов («Истиқлол»)
Муҳриддин Ҳасанов («Истиқлол»)
Шоҳрух Қирғизбоев («Куктош»)

Ҳимоятгарон:
Давронҷон Эргашев («Бунёдкор», Узбекистон)
Фарҳод Восиев («Тамбов», Россия)
Табрези Давлатмир («Нарва Транс», Эстония)
Аҳтам Назаров («Истиқлол»)
Ваҳдат Ханонов («Истиқлол»)
Искандар Ҷалилов («Истиқлол»)
Манучеҳр Сафаров («Истиқлол»)
Зоир Ҷӯрабоев («Истиқлол»)

Нимҳимоятгарон:
Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Булғория)
Комрон Турсунов («ТРАУ», Ҳиндустон)
Эҳсони Панҷшанбе («Навбаҳор», Узбекистон)
Алишер Ҷалилов («Истиқлол»)
Амирбек Ҷӯрабоев («Истиқлол»)
Муҳаммадҷон Раҳимов («Истиқлол»)
Ислом Зоиров («Истиқлол»)
Илҳомҷон Баротов («Истаравшан»)
Абдулмуъмин Забиров («Хуҷанд»)

Ҳамлагарон:
Шаҳром Самиев («Динамо-Авто», Молдова)
Ҷаҳонгир Эргашев («Қизилқум», Узбекистон)
Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»)
Рустам Соиров («Истиқлол»)

Сармураббӣ – Усмон Тошев (Узбекистон).