Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

БОКС: 5 ВАРЗИШГАРИ ТОҶИК ДАР МУСОБИҚАИ БОСФОР ДАР ИСТАНБУЛ ШИРКАТ ДОРАНД

16.03.2021

: 828

Дар шаҳри Истанбули Туркия мусобиқаи байналмилалии Босфор оид ба бокс оғоз шуд, ки дар он варзишгарони Тоҷикистон низ ширкат доранд.

Мусобиқа то 21 март идома меёбад ва варзишгарон аз 25 давлат барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ ташол мекунанд.

Ҷумҳурии моро дар ин мусобиқаи байналмилалӣ 5 нафар узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон намояндагӣ мекунанд: Шоира Зулқайнарова (-60кг) миёни бонувон, Аминҷон Сайрализода (-57кг), Бахтиёр Мирзомуҳаммад (-75кг), Шаббос Негматуллоев (-81кг) ва Сиёвуш Зуҳуров (+91кг) миёни мардон.

Ёдрас менамоем, ки ду варзишгари мо аз намуди бокс – Баҳодур Усмонов (-63кг) ва Шаббос Негматуллоев (-81), ки соли гузашта роҳхати олимпӣ ба даст оварданд, ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 омодагӣ мебинанд. Ҳар ду варзишгар аз дастгирии молиявии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бархурдоранд.