Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

БОКС: ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ-2021 ДАР ДЕҲЛӢ ДОИР МЕШАВАД

15.03.2021

: 835

Шаҳри Деҳлӣ мизбони Чемпионати имсолаи Конфедератсияи бокси Осиё (ASBC) тасдиқ карда шуд.

Ин чорабинӣ аз 21 то 31 майи 2021 баргузор хоҳад шуд ва пойтахти Ҳиндустон беҳтарин муштзанҳои Осиёро ду моҳ пеш аз Бозиҳои олимпӣ истиқбол хоҳад кард.

Интизор меравад, ки қувваозмоиҳо дар толори варзишии “KH Jadhav”, ҷои баргузории Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс байни занон дар соли 2018, сурат гиранд.

Чемпионати гузаштаи Осиё оид ба бокс соли 2019 дар Бангкоки Тайланд баргузор шуда буд, ки дар он варзишгари тоҷик Баҳодур Усмонов медали тилло ба даст овард.