Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН-2021 ОИД БА ФУТБОЛ 4 АПРЕЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД

12.03.2021

: 699

Дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар Гулистон имрӯз, 12 март, маросими қуръакашии Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олии футбол доир шуд.

Чемпионати ҷашнии 30-юми кишвар имсол дар се марҳила баргузор мешавад ва ҳар даста 27 бозӣ анҷом хоҳад дод.

Дар натиҷаи қуръакашӣ, дар даври аввали Чемпионати Тоҷикистон дастаҳо тариқи зайл вомехуранд:

«Куктош» – «Истиқлол»
«Истаравшан» – «Равшан»
«Файзканд» – КМВА
«Эсхата» – «Хатлон»
«Хуҷанд» – «Душанбе-83»

Пас аз қуръакашии тақвими марҳилаҳои якуму дуюм, қуръакашии марҳилаи сеюм низ доир гашт. Дар асоси ҷадвали Бергер дар даври аввали марҳилаи сеюми Чемпионати Тоҷикистон дастаҳо ба таври зерин вомехуранд:

«Истиқлол» – «Равшан»
«Хатлон» – «Куктош»
«Истаравшан» – «Файзканд»
«Хуҷанд» – «Душанбе-83»
«Эсхата» – КМВА

Тақвими 30-юм Чемпионати Тоҷикистон дар асоси талаботи ҷадвали олим ва шоҳмотбози машҳури австриягӣ Бергер тартиб дода мешавад.

Тибқи низомнома, дастаҳои лигаи олӣ, ки имсол дар ҷамъбаст ҷойҳои 9-ум ва 10-умро мегиранд, дар мавсими 2022 ба лигаи аввал мегузаранд. Ғолиб ва барандаи медалҳои нуқраи лигаи аввал дар мавсими оянда дар лигаи олӣ бозӣ хоҳанд кард.