Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Футбол: Тоҷикистон ва Узбекистон дар Тошканд вомехуранд

24.06.2020

: 1102

Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи футболи Узбекистон доир ба баргузории бозии рафиқона миёни дастаҳои мунтахаби ҳар ду кишвар ба мувофиқа расиданд. Вохурӣ 4-уми сентябри соли равон дар Тошканд сурат мегирад.

Қаблан бозӣ миёни мунтахабҳои миллии Узбекистон ва Тоҷикистон санаи 31 март ба нақша гирифта шуда буд, вале бо сабаби пандемияи Covid-19 доир нагашт.
Дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистон ва Узбекистон қаблан 8 маротиба бо ҳам бозӣ кардаанд. Тоҷикистон як ғалаба дорад, дар се дидор ғолиб муайян нашудааст, чор бозӣ ба фоидаи Узбекистон анҷом ёфтааст.
Охирон маротиба мунтахабҳои миллии ду кишвар 15 ноябри соли 2011 дар Тошканд бозӣ карда буданд.

Таърихи бозиҳои мунтахабҳои миллии Тоҷикистон ва Узбекистон

Ҷоми Осиёи Марказӣ
ТОҶИКИСТОН – Узбекистон – 2:2
Голҳои Тоҷикистон: Муҳсин Муҳаммадиев, 72, 86.
17 июни 1992, Тошканд, Узбекистон

Мусобиқаи байналмилалӣ
Узбекистон – ТОҶИКИСТОН – 1:1
Голи Тоҷикистон: Валентин Шашков, 25.
17 апрели 1994, Тошканд, Узбекистон

Ҷоми Осиё-1996. Мусобиқаи интихобӣ
ТОҶИКИСТОН – Узбекистон – 4:0
Голҳо: Ҳаким Фузайлов, 3, Алиёр Ашурмамадов, 65, 67, Арсен Аваков, 87.
8 майи 1996, Душанбе, Тоҷикистон

Ҷоми Осиё-1996. Мусобиқаи интихобӣ
Узбекистон – ТОҶИКИСТОН – 5:0
19 июни 1996, Тошканд, Узбекистон

Ҷоми Осиё-2004. Мусобиқаи интихобӣ
Узбекистон – ТОҶИКИСТОН – 0:0
10 ноябри 2003, Тошканд, Узбекистон

Ҷоми Осиё-2004. Мусобиқаи интихобӣ
ТОҶИКИСТОН – Узбекистон – 1:4
Голи Тоҷикистон: Пирмурод Бурҳонов, 65.
17 ноябри 2003, Бангкок, Тайланд

ЧҶ-2014. Марҳилаи интихобӣ. Даври сеюм
ТОҶИКИСТОН – Узбекистон – 0:1
2 сентябри 2011, Турсунзода, Тоҷикистон

ЧҶ-2014. Марҳилаи интихобӣ. Даври сеюм
Узбекистон – ТОҶИКИСТОН – 3:0
15 ноябри 2011, Тошканд, Узбекистон