Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Мудирияти ташкилотҳои варзишӣ. Семинари омӯзишӣ дар Душанбе

Мудирияти ташкилотҳои варзишӣ. Семинари омӯзишӣ дар Душанбе Мудирияти ташкилотҳои варзишӣ. Семинари омӯзишӣ дар Душанбе Мудирияти ташкилотҳои варзишӣ. Семинари омӯзишӣ дар Душанбе Мудирияти ташкилотҳои варзишӣ. Семинари омӯзишӣ дар Душанбе

30.03.2020

: 1100

27-29 март даври дуюми семинари омӯзишӣ дар доираи Барномаи “Ташаббуси КМО оид ба мудирият”-и Ҳамбастагии олимпӣ дар шаҳри Душанбе доир шуд.

Дар семинар, ки бо иқдоми Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт, беш аз 30 нафар масъулони мактабҳои варзишии пойтахт ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ширкат карданд.
Масъулони Кумитаи миллии олимпӣ ба иштирокчиён дар мавзуъҳои гуногун, мисли тартиби баргузории мусобиқаҳо дар асоси Дастурамал оид ба марҳила ба марҳила баргузор намудани чорабиниҳои варзишӣ, таҳия кардани тақвими чорабиниҳои варзишӣ, вазифа ва сохтори Кумитаи байналмилалии олимпӣ, системаи интихобӣ ба Бозиҳои олимпӣ, намудҳои олимпии варзиш, ҳаракати олимпии ҷаҳон ва Тоҷикистон маърӯза хонданд.
Зимни ироаи маърӯзаҳо, аз ҷумла қайд гардид, ки бо роҳбарии Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзиш ва ҳаракати олимпӣ дар кишвар сол то сол рушд мекунад. Сохтмони беш аз 7000 иншооти варзишӣ дар 10 соли охир гувоҳи гуфтаҳои болост, ки барои ба варзиш машғул шудани наврасону ҷавонон ва тамрини дастаҳои мунтахаб нигаронида шудаанд.
Иштирокчиён асосан сари масъалаи баргузории мусобиқаҳо дар ҷумҳурӣ баҳс намуданд. Таъкид шуд, ки мақоми ваколатдори давлатии соҳаи варзиш Дастурамал оид ба марҳила ба марҳила баргузор намудани чорабиниҳои варзиширо таҳия ва тасдиқ кард. Дастурамал роҳнамо барои ташкил ва баргузор намудани мусобиқаҳои расмӣ дар ҷумҳурӣ мебошад. Дар асоси он тамоми мусобиқаву чемпионатҳо дар се марҳила – шаҳр/ноҳия, минтақа/вилоят ва ҷумҳурӣ – доир мегарданд ва барои дарёфти чеҳраҳои нав ва варзишгарони болаёқат мусоидат мекунад.
Чунин семинар 11-13 март дар шаҳри Кӯлоб барои масъулони соҳаи варзиши вилояти Хатлон баргузор шуда буд ва дар оянда барои вилоятҳои Бадахшону Суғд низ ба нақша гирифта шудааст.