Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Пирӯзии аввали Баҳодур дар мусобиқаи интихобии олимпӣ

05.03.2020

: 1353

Муштзани маъруфи кишвар Баҳодур Усмонов аввалин ҳарбашро дар мусобиқаи интихобии олимпии Осиё/Уқёнус, ки дар шаҳри Аммони шоҳигарии Урдун ҷараён дорад, бо ғалаба анҷом дод.

Ӯ, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар варзишгари Непал Санил Шаҳӣ бо ҳисоби 5:0 ғолиб омад ва ба даври чорякфинал роҳ ёфт. Дар чорякфинал 9-уми март Баҳодур бо варзишгари кишвари мизбон Обада Алкасба вомехурад. Ёдовар мешавем, ки соли гузашта Баҳодур дар финали Чемпионати Осиё Алкасбаро мағлуб карда буд.    
Ин аввалин пирӯзии варзишгарони Тоҷикистон дар Аммон мебошад. Ду рӯзи аввали мусобиқа 5 варзишгари мо - Мирзомуҳаммад Бахтиёр дар вазни 75кг, Шуҳрат Сабзалиев дар вазни 52кг, Шералӣ Мамадалиев дар вазни 69кг, Миҷгона Самадова дар вазни 57кг, Шоира Зулқайнарова дар вазни 60кг дар даври аввал аз ҳарифонашон шикаст хурданд.
Имрӯз, ҳамчунин дар вазни -81кг Шаббос Негматуллоев дар даври дуюм бо Файзуллоҳ Аюбӣ аз Афғонистон рақобат мекунад.
6 март дар вазни -91кг Давлат Болтаев бо Эрденебайар Сандагсурен аз Муғулистон, дар вазни +91кг Сиёвуш Зуҳуров бо Леуила Мауу аз Зеландияи Нав ва 7-уми март дар вазни -57кг Бахтовар Сагизов дар даври дуюм бо Синг Йу Тсо аз Ҳонгконг ҳарб мекунанд.
Миёни бонувон 6-уми март дар вазни -69кг Нилуфар Бобоёрова бо Байсон Маникон аз Тайланд, 7-уми март дар вазни -51кг Сумайя Қосимова бо Реим Ҳамдан Мансур Ал-Мриҳел аз Урдун нерӯ месанҷанд.
Ёдовар мешавем, ки тибқи низомнома дар қораи Осиё/Уқёнус миёни бонувон дар вазни -51кг 6 нафар, дар вазнҳои -57кг, -60кг, -69, -75кг 4-нафарӣ, миёни мардон бошад, дар вазнҳои -52кг, -57кг, -63кг 6-нафарӣ, дар вазнҳои -69кг, -75кг, -81кг 5-нафарӣ ва дар вазнҳои -91кг, +91кг 4-нафарӣ ҳаққи иштирок дар Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро пайдо мекунанд.