Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Лижаронҳои тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат мекунанд

Лижаронҳои тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат мекунанд Лижаронҳои тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат мекунанд

05.02.2020

: 968

Имрӯз – 5 феврал дар Ҷумҳурии Покистон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба лижаронии кӯҳӣ шуруъ гардид, ки дар он варзишгарони тоҷик иштирок доранд.

Ҷиҳати иштирок дар 4-ум мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Қароқурурум ва мусобиқаи байналмилалӣ оид ба лижаронии кӯҳии Малам Ҷабба, ки то 11 феврал идома меёбад, аз ҷумҳурии мо се варзишгар – Баҳриддин Ғоибов, Сайфиддини Низомиддин ва Саидашраф Эшонов сафарбар гардидаанд. Онҳо дар ду қувваозмоӣ – слалом ва гигант слалом – бо варзишгарони беш аз 10 давлат нерӯ месанҷанд.
Мусобиқаҳо дар осоишгоҳҳои зимистонаи Малам Ҷабба ва Налтари Покистон баргузор мешаванд.