16.01.2020
: 1152
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҷиҳати тарғибу ташвиқи ҳаракати олимпӣ дар ҷумҳурӣ барномаҳоеро рӯи даст гирифта, амалӣ менамояд.
Аз ҷумла, бо иқдоми Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Академияи миллии олимпии Тоҷикистон 13-16 январ бо иштироки 20 нафар (10 писар, 10 духтар) хонандаи 10 муассисаи таълимии пойтахт дар доираи Барномаи омӯзиши фарҳанг ва мероси олимпӣ семинари омӯзишӣ доир гашт.
Ба иштирокчиёни семинар мутахассисони Кумита доир ба асосҳои ҳаракати олимпӣ, идеали олимпӣ, арзишҳои олимпӣ аз ҷумла таърихи Бозиҳои олимпии қадим, Бозиҳои олимпии муосир, ҳаракати олимпии Тоҷикистон, рамзҳои олимпӣ, намудҳои тобистона ва зимистонаи варзиш ва ғайра маърӯза хонданд. Иштирокчиёни семинар, ҳамчунин, аз осорхонаи “Шарафи олимпӣ” дидан карда, бо дастоварди варзишгарони тоҷик шинос ва соҳиби сертификати Кумитаи байналмилалии олимпӣ гардиданд.
Ба иттилои роҳбари барнома, мутахассиси Бахши коргузорӣ ва таҳлилу иттилооти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Маҳина Муллоева, то моҳи марти соли равон 20 нафар хонандаи синфҳои болоӣ, ки омӯзиш диданд, ҳамчун тарғибгари ҳаракати олимпӣ дар муассисаҳои таълимӣ ҳамсолони худро бо баргузории мусобиқаҳои варзишӣ, тренингҳои омӯзишӣ, лавҳаҳои деворӣ ва бозиҳои дигари шавқовар бо арзишҳои олимпӣ ошно месозанд. Умуман, дар доираи барнома беш аз 2700 нафар ба омӯзиш фаро гирифта хоҳанд шуд.