Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ислом Толибов дар ЧО оид ба гуштин миёни наврасон медали тилло гирифт

25.11.2019

: 1494

Варзишгарони навраси кишвар дар Чемпионати Осиё оид ба гуштини тарзи озод ва юнонӣ-римӣ миёни наврасони то 15-сола 1 медали тилло ва 2 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чемпионат 22-24 ноябр бо иштироки 152 варзишгари беш аз 10 давлати қора дар Тайпейи Чин баргузор шуд. Аз ҷумҳурии мо дар чемпионат се варзишгар иштирок карда, ҳар се сазовори медал гардиданд.
Ислом Толибов дар вазни 57кг-и гуштини юнонӣ-римӣ ҷои аввалро ишғол намуд. Ӯ дар ду даври аввал бар варзишгарони Ҳиндустон (Соҳит Соҳит) ва Қазоқистон (Алтинбек Жадрасинов), дар нимфинал бар намояндаи Кореяи Ҷанубӣ Йу Сианг Ҳанг ва дар финал боз ҳам бар Алтинбек Жадрасинови қазоқистонӣ пирӯз гардида, медали тилло ба даст овард.
Насимҷон Турдибеков дар вазни 68кг-и гуштини юнонӣ-римӣ бо ду ғалаба ва ду бохт ва Муҳаммадамин Абдуллоев дар вазни 57кг-и гуштини озод бо ду ғалаба ва як бохт ба гирифтани медали биринҷӣ даст ёфтанд.