Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Мулоқоти Абдуллозода Аҳтам бо сафири Покистон

Мулоқоти Абдуллозода Аҳтам бо сафири Покистон Мулоқоти Абдуллозода Аҳтам бо сафири Покистон

11.11.2019

: 1011

11 ноябр ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам бо сафири навтаъини Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Имрон Ҳайдар мулоқот намуд.

Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо вобаста ба татбиқи ҳамгироии сиёсати давлатии ҷавонон, рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, иштироки дастаҳои мунтахаби варзишии ҷонибҳо дар чорабиниҳои доиршавандаи ду давлат ва дигар масъалаҳои марбут ба ин самт андешаҳояшонро баён доштанд.
Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ бо федератсияҳои варзишӣ, муассисаҳои варзишӣ, баргузории фестивалҳои варзишӣ ва таъсиси корхонаи истеҳсоли либосҳои варзишӣ баррасӣ гардида, ҷонибҳо густариши масъалаҳои мазкурро барои тақвияти ҳамкориҳо дар самти варзиш ва дӯстии ҷавонону варзишгарони ҳар ду кишвар муҳим арзёбӣ намуданд.