Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ЧО-2019: Дилшод Назаров дар финали мусобиқаи гурзандозӣ

24.04.2019

: 998

Варзишгари маъруфи кишвар, чемпиони Бозиҳои олимпӣ Дилшод Назаров ба даври финалии мусобиқаи гурзандозии Чемпионати Осиё оид ба варзиши сабук, ки дар Доҳаи Қатар ҷараён дорад, роҳхат гирифт.

Даври интихобии қувваозмоии гурзандозӣ шоми дирӯз – 23 апрел - миёни 17 варзишгари 11 давлати қора баргузор гашт. Дилшод Назаров гурзро ба дурии 71.46 метр ҳаво дода, ҷои дуюмро ишғол намуд. Натиҷаи аз ӯ беҳтарро варзишгари мизбон Ашраф Ал-Сайфӣ нишон дод (74.92).
Умуман, аз миёни 17 нафар 12 нафар дар даври финалӣ, ки шоми имрӯз – 24 апрел – баргузор мешавад, барои ҷойҳои ифтихорӣ талош мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки Дилшод Назаров чор карат қаҳрамони Осиё (2009, 2013, 2015, 2017), барандаи 2 медали нуқра (2005, 2007) ва як медали биринҷии (2003) Чемпионати Осиё мебошад.
Варзишгари дигари мо Гулсунбӣ Шарифова дирӯз дар қувваозмоии дав ба масофаи 200 метр миёни бонувон дар даври интихобӣ натиҷаи 23.99 нишон дода, натавонист ба даври финалӣ роҳ ёбад. Ӯ миёни 23 нафар ҷои 11-умро ишғол намуд. Дар даври финалӣ 8 нафар иштирок мекунанд.