Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Кристина Пронженко дар Доҳа рекорди миллӣ гузошт

Кристина Пронженко дар Доҳа рекорди миллӣ гузошт Кристина Пронженко дар Доҳа рекорди миллӣ гузошт Кристина Пронженко дар Доҳа рекорди миллӣ гузошт

23.04.2019

: 1530

Узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба варзиши сабук Кристина Пронженко дар шаҳри Доҳаи Қатар, дар доираи Чемпионати Осиё оид ба варзиши сабук дар мусобиқаи дав ба масофаи 400 метр ва 400 метр бо монеа рекорди Тоҷикистонро гузошт.

Кристина дар рӯзи аввали чемпионат дар марҳилаи интихобии мусобиқаҳои дав ба масофаи 400 метр (бо натиҷаи 54.13) ва дав ба масофаи 400 метр бо монеа (бо натиҷаи 59.16) рекорди Тоҷикистонро шикаст. Ӯ дар даври финали мусобиқаи дав ба масофаи 400 метр бо натиҷаи 54.56 сония ҷои 7-умро ишғол кард.
Варзишгарони дигари мо Исматов Одилшоҳ дар дав ба масофаи 800 метр бо натиҷаи 1:54.10, Григорий Дерипаскин дар дав ба масофаи 400 метр бо натиҷаи 47.94, Алишер Пулотов дар дав ба масофаи 400 метр бо монеа бо натиҷаи 52.88 дар даври интихобӣ натавонистанд ба даври финалӣ роҳ ёбанд.
Имрӯз – 23 апрел - варзишгари маъруфи кишвар, чемпионати Бозиҳои олимпӣ, чор карат чемпиони Осиё Дилшод Назаров дар даври интихобии намуди гурзандозӣ ва Гулсунбӣ Шарифова дар дав ба масофаи 200 метр иштирок мекунанд.