Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Дилшод Назаров барои ба даст овардани унвони навбатии чемпиони Осиё ба Доҳа меравад

03.04.2019

: 985

21-24 апрели соли равон дар шаҳри Доҳаи Қатар 23-юм Чемпионати Осиё оид ба варзиши сабук доир мегардад.

Ба иттилои Ассотсиатсияи варзиши сабуки Осиё, ҳудуди 1000 варзишгар аз 45 давлати қора аз рӯи 21 равияи варзиши сабук миёни мардҳову бонувон бо иловаи эстафетаи омехта, ки бори аввал дар Чемпионати Осиё доир мегардад, барои ба даст овардани 186 медал талош мекунанд.  
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба варзиши сабук дар ҳайати 6 нафар барои иштирок дар чемпионати қитъавӣ тасдиқ гардид. Ба иттилои Федератсияи варзиши сабуки мамлакат, дар баробари чемпиони Бозиҳои олимпӣ, 4 карат чемпиони Осиё, гурзандози маъруф Дилшод Назаров, инчунин Кристина Пронженко (дар равияҳои 400 метр, 400 метр бо монеа), Одилшоҳ Исматов (800 метр), Алишер Пулотов (400 метр бо монеа), Григорий Дерипаскин (400 метр) ва Гулсунбӣ Шарифова (200 метр) ба чемпионати Осиё тайёрӣ дида истодаанд.
Варзишгарон фардо - 4 апрел барои гузаронидани ҷамъомади машқӣ-таълимии 15-рӯзаи қабл аз чемпионат ба шаҳри Анталияи Туркия сафар мекунанд.
Шаҳри Доҳаи Қатар, имсол ба ғайр аз Чемпионати Осиё, инчунин мизбони мусобиқаи Лигаи алмосии Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияҳои варзиши сабук (3 май) ва Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук (27.09 – 6.10) мебошад.