Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Дар “Наврӯзгоҳ” пойгаи аспдавонӣ доир шуд

31.03.2019

: 999

30 март ба ифтихори иди Наврӯз дар Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Душанбе мусобиқаи кушоди шаҳри Душанбе оид ба аспдавонӣ барои дарёфти Ҷоми “Пойтахт-2019” баргузор шуд.

Дар мусобиқа беш аз 60 ҷонвари зоти хуби тоҷикиву англисӣ аз корхонаҳои соҳавии ҷумҳурӣ бо беҳтарин чобуксаворони кишвар иштирок карданд.
Ба иттилои ТВ “Варзиш”, чобуксаворон дар масофаҳои 1000 метр, 1200 метр ва 1600 метр дар шаш марҳила миёни ҳам сабқат намуданд.
Дар пойгаи якуми масофаи 1600 метр ғолибият насиби асп бо лақаби “Звезда” таҳти роҳбарии Бегиҷонзода Раҳматшо гардид. Вақти нишондодаи ин асп бо соварааш 1 дақиқаю 59 сонияро ташкил дод. Дар ҳамин масофа дар пойгаи дуюми апсҳои синну соли гуногуни зоти тоҷикӣ асп бо лақаби “Бомдод” дар муддати 1 дақиқаю 49 сония мақоми аввалро ишғол кард.
Ғолиби пойгаи сеюми аспҳои синну соли гуногуни зоти тоҷикӣ асп бо лақаби “Рекорд” гардид. Ӯ масофаи 1600 метрро дар муддати 1 дақиқаю 49 сония тай намуд. Дар пойгаи 6-уми аспҳои дусолаи зоти тоҷикӣ, рақобат баҳри ба даст овардани ҷоизаи асосӣ, асп бо лақаби “Радана” аз хоҷагии деҳқонии “Дошмандӣ”-и ноҳияи Файзобод ғолиб шуд. Натиҷаи нишондодаи “Радана” 1 дақиқаю 11 сонияро дар бар гирифт.