Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Тоҷикистон ба марҳилаи финалии ЧО-2020 роҳ наёфт

Тоҷикистон ба марҳилаи финалии ЧО-2020 роҳ наёфт Тоҷикистон ба марҳилаи финалии ЧО-2020 роҳ наёфт

27.03.2019

: 1038

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бозии дуюмашро дар марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020, дар гурӯҳи “F” бо тими олимпии Узбекистон мусовӣ (0:0) кард, вале натавонист ба марҳилаи финалӣ роҳхат гирад.

Бозӣ шоми 26 март дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Тошканди Узбекистон баргузор шуд.
Шогирдони Усмон Тошев 24 март дар бозии аввал бар тими олимпии Ҳиндустон бо ҳисоби 2:0 ғалаба карда буд. Ҳамин тариқ, Узбекистон ва Тоҷикистон 4-холӣ ба даст оварда, аз рӯи таносуби тӯбҳо ҷойҳои якуму дуюмро дар гурӯҳи “F” ишғол карданд.
Дар асоси низомномаи мусобиқа ғолибони 11 гурӯҳ ва 4 дастаи беҳтари ҷои дуюми гурӯҳҳо ба марҳилаи финалӣ роҳ ёфтанд. Мутаассифона, Тоҷикистон ба ин қатор шомил нашуд.
Пас аз натиҷагирии марҳилаи интихобӣ дастаи кишвари мизбон – Тайланд, ғолибони гурӯҳҳо – Қатар (гурӯҳи “А”), Баҳрайн (“B”), Ироқ (“С”), АМА (“D”), Урдун (“Е”), Узбекистон (“F”), Кореяи Шимолӣ (“G”), Кореяи Ҷанубӣ (“Н”), Ҷопон (“I”), Чин (“J”), Ветнам (“К”) ва 4 дастаи ҷои дуюми гурӯҳҳо, ки натиҷаи беҳтар нишон доданд – Австралия (“Н”), Эрон (“С”), Сурия (“Е”) ва Арабистони Саудӣ (“D”) ба марҳилаи финалии Чемпионати Осиё, ки 8-26 январи соли 2020 дар Тайланд баргузор мешавад, роҳхат гирифтанд.
Се дастаи беҳтарини Чемпионати Осиё-2020 миёни ҷавонони то 23-сола ҳаққи иштирок дар Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро пайдо мекунанд.