Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Шаҳриёр Даминов – ғолиби Ҷоми кушоди ҷаҳон оид ба қайиқронӣ

Шаҳриёр Даминов – ғолиби Ҷоми кушоди ҷаҳон оид ба қайиқронӣ Шаҳриёр Даминов – ғолиби Ҷоми кушоди ҷаҳон оид ба қайиқронӣ

25.03.2019

: 1123

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба қайиқронӣ дар Ҷоми кушоди ҷаҳон, ки 23-25 март дар шаҳри Бҳопали Ҳиндустон баргузор шуд, сазовори 4 медал, 1 тилло, 1 нуқра, 2 биринҷӣ гардиданд.

Варзишгари шинохтаву маҳбуби кишвар Шаҳриёр Даминов дар масофаи 500 метр, каноэи якнафара (С-1) бо натиҷаи 00:25.949 сазовори медали тилло шуд. Дар ин масофа ҷои дуюмро Куан-Чиеҳ Лай (Тайпей) бо натиҷаи 00:26.069, ҷои сеюмро Гаврав Томер (Ҳиндустон) бо натиҷаи 00:27.087 ба даст оварданд.
Шаҳриёр, ҳамчунин дар масофаи 200 метр бо натиҷаи 00:14.168 медали нуқра ва дар масофаи 1000 метр бо натиҷаи 04:34.921 медали биринҷӣ ба даст овард. Дар масофаи 200 метр ҷои аввалро Куан-Чиеҳ Лай (Тайпей) бо натиҷаи 00:14.018, ҷои сеюмро Фаррух Ҳабибуллоев (Қазоқистон) бо натиҷаи 00:14.408 ишғол карданд. Дар масофаи 1000 метр Сунил Сингҳ Салам (Ҳиндустон) бо натиҷаи 04:14.493 ғолиб шуд. Ҷои дуюм насиби Куан-Чиеҳ Лайи тайпейӣ бо натиҷаи 04:17.311 гардид.
Медали дигари биринҷиро Зоҳирҷон Набиев ва Нурмуҳаммади Тоҳир дар байдаркаи 2-нафарӣ (К-2), масофаи 500 метр бо натиҷаи 01:5.806 сазовор шуданд. Дар ин қувваозмоӣ ҷуфти варзишгарони Португал бо натиҷаи 01:43.769 ҷои аввал, ҷуфти варзишгарони Ҳиндустон бо натиҷаи 01:45.279 ҷои дуюмро ишғол намуданд.
Дар мусобиқа варзишгарони 14 давлат – Кения, Қазоқистон, Малайзия, Мянма, Нигерия, Португал, Тайпейи Чин, Тоҷикистон, Тунис, Украина, Филиппин, Ҳиндустон, Ҳонг Конг, Шведсия ширкат карданд.