Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Шоҳҷоизаи Ҷоми пойтахт-2019 насиби Саидҷалол Саидов шуд

Шоҳҷоизаи Ҷоми пойтахт-2019 насиби Саидҷалол Саидов шуд Шоҳҷоизаи Ҷоми пойтахт-2019 насиби Саидҷалол Саидов шуд Шоҳҷоизаи Ҷоми пойтахт-2019 насиби Саидҷалол Саидов шуд

24.03.2019

: 1336

23-24 март дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе ба ифтихори иди Наврӯз чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гуштини миллӣ барои дарёфти Ҷоми пойтахт-2019 баргузор шуд.

Ба иттилои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, дар чемпионат 180 паҳлавон дар ҳайати дастаҳои Душанбе-1, Душанбе-2, Хатлон-1, Хатлон-2, Суғд, ВМКБ, ШНТМ ва Рашт ширкат карданд.
Дар маросими кушодашавии чемпионат раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам, муовини Раиси шаҳри Душанбе Ҷӯразода Фаррух, раиси Федератсияи гуштини миллӣ “гуштингирӣ”-и Тоҷикистон Ашӯров Лоиқ ҳозиринро бо ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ таҳният гуфта, ба паҳлавонон барор хостанд.
Қувваозмоиҳо аз рӯи 8 вазн сурат гирифта, ғолибон ба тариқи зайл муайян шуданд:

Вазни -60кг
1. Муҳаммадризо Қувватов
2. Муҳаммад Муҳаммадализода
3. Меҳрзод Сӯфиев

Вазни -65кг
1. Баҳром Сӯфиев
2. Ёқубҷон Боқиев
3. Идибек Сафаров

Вазни -70кг
1. Наврӯз Каримзода
2. Парвиз Додов
3. Орифҷон Додов

Вазни -75кг
1. Муҳаммадшариф Наҷмиддинов
2. Шамоили Ҷаҳонгир
3. Мирзоҷамил Рамазонов

Вазни -80кг
1. Садр Боев
2. Эраҷ Абдуллоев
3. Ҳақназар Назаров

Вазни -90кг
1. Эмомалӣ Камолов
2. Меҳрубон Идрисов
3. Бежан Боқиев

Вазни -100кг
1. Саидҷалол Саидов
2. Фирдавс Насимов
3. Шарифҷон Назиров

Вазни +100кг
1. Одил Сафаров
2. Абубакр Раҳмонов
3. Шоҳрух Амирхонов

Сипас паҳлавонон дар вазни мутлақ барои ба даст овардани Шоҳҷоиза – автомошинаи сабукрав талош карданд. Дар натиҷа шоҳҷоиза насиби паҳлавони шинохтаи кишвар Саидҷалол Саидов гардид. Калиди мошинро ба ӯ мувони Раиси шаҳри Душанбе Ҷӯразода Фаррух тақдим намуд.