Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Темур Раҳимов – соҳиби Шоҳҷоизаи мусобиқаи гуштини миллӣ дар Норак

Темур Раҳимов – соҳиби Шоҳҷоизаи мусобиқаи гуштини миллӣ дар Норак Темур Раҳимов – соҳиби Шоҳҷоизаи мусобиқаи гуштини миллӣ дар Норак Темур Раҳимов – соҳиби Шоҳҷоизаи мусобиқаи гуштини миллӣ дар Норак Темур Раҳимов – соҳиби Шоҳҷоизаи мусобиқаи гуштини миллӣ дар Норак Темур Раҳимов – соҳиби Шоҳҷоизаи мусобиқаи гуштини миллӣ дар Норак

20.03.2019

: 1132

20 март дар доираи таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Норак бо иқдоми Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар вилояти Хатлон марҳилаи ниҳоии Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ баргузор гардид.

Дар мусобиқа беҳтарин паҳлавонони мамлакат аз вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ, Душанбе ва минтақаи Рашт аз рӯи 7 вазн байни ҳам рақобат намуданд. Ғолибони вазнҳо соҳиби туҳфаҳои арзишманд шуданд.
Барои ба даст овардани шоҳҷоиза – автомошинаи сабукрав паҳлавонони вазни мутлақ талош намуданд. Дар қувваозмоии ниҳоӣ паҳлавони шинохта Темур Раҳимов бар Фурқат Назриев ғалаба карда, соҳиби шоҳҷоиза шуд.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, муовини Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода ғолибонро табрик гуфта, аз номи Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон калиди автомошинаро ба Темур Раҳимов супорид.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар доираи таҷлили сазовори иди Наврӯз мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштини миллӣ 24 март дар шаҳри Душанбе низ доир мегардад.