Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

МТМУ №18 дорои толори махсуси варзиши сабук мебошад

МТМУ №18 дорои толори махсуси варзиши сабук мебошад МТМУ №18 дорои толори махсуси варзиши сабук мебошад

16.03.2019

: 1069

15 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти мазкур аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, бо муосиртарин дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардидааст.
Пешвои миллат бо шарту шароити таълимӣ дар ин муассиса аз наздик шинос шуда, бо хонандагону омӯзгорон суҳбат намуданд.
Бинои мазкур аз 25 синфхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад, ки дар ду баст бо назардошти синфхонаҳои фаннӣ 1560 хонандаро ба таҳсил фаро мегирад.

Аз ҷумла, барои обу тоби ҷисмонии хонандагон, дар бинои нави таълимӣ толори махсуси варзиши сабук бунёд ва бо дастгоҳҳои варзишӣ муҷҷаҳаз гардонида шудааст. Ба хотири инкишофи зеҳнии хонандагон бошад, бинои нав дорои синфхонаи алоҳида барои омӯзиш ва гузаронидани мусобиқаҳои шоҳмот буда, бо дастгоҳ ва аёниятҳо таъмин гардидааст.
Бояд тазаккур дод, ки бинои куҳнаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умуии рақами 18 барои 780 нафар хонанда пешбинӣ гардида, то имрӯз дар он 1624 толибилм ба таҳсил фаро гирифта мешуд. Сохтмони иншооти мазкур, ки дар доираи дастуру ҳидоят ва сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат сурат гирифт, ин мушкилии муҳассилину омӯзгоронро ба пуррагӣ ҳал намуд.
Аснои шиносоӣ ва суҳбат бо аҳли мактаб, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз хонандагон даъват ба амал оварданд, ки чунин имконоту шароити муосирро самаранок истифода бурда, барои аз худ кардани дониш ва омӯхтани илмҳои замона ҳамаҷониба саъйю кӯшиш намоянд.
Пас аз ифтитоҳи бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва шиносоӣ бо шароити он, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди аҳли маорифи пойтахт суханронӣ намуда, фарорасии Наврӯзи байналмилалӣ ва ифтитоҳи бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18-ро ба ҳозирин табрику таҳният гуфтанд.
Таъкид гардид, ки дар солҳои минбаъд низ дар доираи нақша-чорабиниҳо бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе сохтмону баистифодадиҳии таълимгоҳҳои нав ва биноҳои иловагӣ дар назар дошта шудааст, ки ин раванд сатҳи таълиму тарбия ва шароити илмомӯзиро боз ҳам беҳтар хоҳад кард.
Иброз гардид, ки ҳоло сохтмони 21 муассисаи таълимӣ барои зиёда аз 40 ҳазор ҷойи нишаст дар шаҳри Душанбе босуръат идома дошта, ба ин васила мушкилоти норасоии ҷойи нишаст ҳаллу фасл хоҳад шуд.
Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, ба воя расонидани насли солимфикру навовар ба ҳозирин дастуру ҳидоятҳои муфид доданд.