Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Таҷлили Рӯзи Артиши миллӣ бо машқҳои субҳгоҳӣ оғоз ёфт

Таҷлили Рӯзи Артиши миллӣ бо машқҳои субҳгоҳӣ оғоз ёфт Таҷлили Рӯзи Артиши миллӣ бо машқҳои субҳгоҳӣ оғоз ёфт Таҷлили Рӯзи Артиши миллӣ бо машқҳои субҳгоҳӣ оғоз ёфт Таҷлили Рӯзи Артиши миллӣ бо машқҳои субҳгоҳӣ оғоз ёфт Таҷлили Рӯзи Артиши миллӣ бо машқҳои субҳгоҳӣ оғоз ёфт Таҷлили Рӯзи Артиши миллӣ бо машқҳои субҳгоҳӣ оғоз ёфт

23.02.2019

: 1126

23 феврал – Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба рӯзи шанбе – Рӯзи варзиш ва солимгардонӣ рост омад ва таҷлили ин ид бо машқҳои субҳгоҳӣ дар мавзеъҳои гуногуни ҷумҳурӣ оғоз ёфт.

Варзишгарон, кормандони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон машқҳои субҳгоҳиро дар Маркази омодагии дастаҳои мунтахаб доир намуданд.
Баъд аз анҷоми машқҳои пагоҳирӯзӣ маросими расмии мусобиқаи футболи толорӣ миёни кормандони расонаҳои хабарӣ барои дарёфти “Ҷоми журналистони ҷавон” баргузор шуд. Мусобиқа бо иқдоми Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик, ки ҳар сол 11 март таҷлил мешавад, роҳандозӣ гардидааст.
Муовини аввали раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Назарзода Ризо зимни сухани ифтитоҳӣ ҳозиринро бо иди Артиши миллӣ шодбош гуфта, иброз дошт, ки мусобиқа ба хотири рафоқат миёни хабарнигорон ва дарёфти чеҳраҳои нави варзишӣ аз миёни онҳо ташкил шудааст.
Таъкид гардид, ки мусобиқа аз 23 феврал то 11 март миёни 13 даста дар чор гурӯҳ баргузор мешавад. Ғолибон дар Рӯзи матбуоти тоҷик – 11 март эълон мегарданд.
Ҳамчунин, ба як қатор мураббиёну варзишгароне, ки дар клубҳои варзишии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ фаъолият доранд, туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Мусобиқаи футболи толорӣ барои дарёфти “Ҷоми журналистони ҷавон - 2019”

Гурӯҳи «А»
Телевизиони “Сафина”
Телевизиони “Тоҷикистон”
Рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”

Гурӯҳи «В»
Телевизиони “Синамо”
Радиои “Ватан”
Радиои “Имрӯз”

Гурӯҳи «С»
Телевизиони “Ҷаҳоннамо”
Телевизиони “Футбол”
Телевизиони “Варзиш”
Радиои “Тоҷикистон”

Гурӯҳи «D»
АМИТ “Ховар”
Нашрияи “Омӯзгори ҷавон”
Нашрияи “Ба қуллаҳои дониш”

Тақвими мусобиқа
25 феврал
10:00. ТВ “Сафина” – ТВ “Тоҷикистон”
11:00. ТВ “Синамо” – радиои “Ватан”

26 феврал
10:00. ТВ “Ҷаҳоннамо” – ТВ “Футбол”
11:00. ТВ “Варзиш” – радиои “Тоҷикистон”
12:00. АМИТ “Ховар” – “Омӯзгори ҷавон”

27 феврал
10:00. ТВ “Тоҷикистон” – “Ҷавонони Тоҷикистон”
11:00. Радиои “Ватан” – радиои “Имрӯз”

28 феврал
10:00. ТВ “Ҷаҳоннамо” – радиои “Тоҷикистон”
11:00. ТВ “Футбол” - ТВ “Варзиш”
12:00. “Омӯзгори ҷавон” – “Ба қуллаҳои дониш”

1 март
10:00. ТВ “Сафина” – “Ҷавонони Тоҷикистон”
11:00. ТВ “Синамо” – радиои “Имрӯз”

4 март
10:00. ТВ “Ҷаҳоннамо” – ТВ “Варзиш”
11:00. ТВ “Футбол” - радиои “Тоҷикистон”
12:00. АМИТ “Ховар” – “Ба қуллаҳои дониш”

Дарви чорякфиналӣ
5 март
10:00. 1 “А” - 2“В”
11:00. 1 “В” - 2 “А”

6 март
10:00. 1 “С” - 2 “D”
11:00. 1 “D” - 2 “С”

Даври нимниҳоӣ
7 март
10:00. 1 “А”/2“В” - 1 “В”/2 “А”
11:00. 1 “С”/2 “D” - 1 “D”/2 “С”

Финал
11 март
10:00. Бозӣ барои ҷои сеюм
11:00. Финал

Сардовар: Қурбонов Қосим
Саркотиб: Игамбердиев Боир
Ҷонишини саркотиб: Муродов Қудратулло