Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

“Ҷоми пешрафт-2019”: Тоҷикистон барои ҷои панҷум талош мекунад

“Ҷоми пешрафт-2019”: Тоҷикистон барои ҷои панҷум талош мекунад “Ҷоми пешрафт-2019”: Тоҷикистон барои ҷои панҷум талош мекунад

25.01.2019

: 1116

Тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол (U-17) дар даври сеюми мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми пешрафт-2019” дар Минск бар тими наврасони Финландия ғалаба кард – 2:0. Голҳоро дар ҳайати дастаи Тоҷикистонро Ислом Зоиров дар дақиқаи 2 ва Рустам Соиров дар дақиқаи 48-ум ба ҳадаф расониданд.

Қаблан дар марҳилаи гурӯҳӣ тими наврасони мо аз Белорус шикаст хурда (5:0), бо Белгия мусовӣ (1:1) бозӣ карда буд.
Дар бозии дигари гурӯҳи “А” тими мизбон – Белорус бар дастаи Белгия бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард.
Дар натиҷа, ҷои аввалро дар гурӯҳи “А” Белорус ишғол кард. Дастаҳои Белгия ва Тоҷикистон, ки 4-холӣ гирифтанд, дар зинаҳои дуюму сеюм мавқеъ ёфтанд. Финландия бо 3 хол дар ҷои охир қарор гирифт.
Дар асоси низомномаи мусобиқа, дастаҳое, ки дар се гурӯҳ ҷои аввалро ишғол менамоянд, инчунин беҳтарин дастаи ҷои дуюми гурӯҳҳо барои ҷом талош мекунанд. Ду дастаи дигари ҷои дуюми гурӯҳҳо ҳамроҳ бо ду дастаи беҳтарини гурӯҳҳо, ки ҷои сеюмро ишғол мекунанд, барои ҷойҳои 5-8 бозӣ мекунанд. Дастаҳои ҷои чорум ва се дастаи ҷои сеюми гурӯҳҳо бозиро барои ҷойҳои 9-12 идома медиҳанд.
Акнун шогирдони Зайниддин Раҳимов барои ҷойҳои 5-8 бозиро идома медиҳанд. 26 январ футболбозони навраси мо бо ҳамсолонашон аз Булғористон вомехуранд. Дар сурати муваффақият, 28 январ бо ғолиби ҷуфти Белгия-Исландия барои ҷои 5-ум қувва месанҷанд.
Мусобиқа барои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) як марҳилаи омодагӣ ба чемпионати ҷаҳон-2019 ба ҳисоб меравад, ки 5-27 октябр дар Перу баргузор мешавад.

Мусобиқаи байналмилалӣ миёни наврасон (U-17) «Ҷоми пешрафт-2019» дар Минск

Бозиҳои даври плей-офф

26 январ (шанбе)

Бозӣ барои ҷойҳои 9-12
12:00. Литва - Молдова
14:05. Финландия - Украина

Бозӣ барои ҷойҳои 5-8
16:10. Белгия - Исландия
18:15. Булғористон - ТОҶИКИСТОН

Нимфинал
20:20. Белорус - Гурҷистон
22:25. Словакия - Исроил

Бозиҳои ҳалкунанда
28 январ (душанбе)

12:00. Бозӣ барои ҷои 11
14:10. Бозӣ барои ҷои 9
12:00. Бозӣ барои ҷои 7
14:10. Бозӣ барои ҷои 5
16:20. Бозӣ барои ҷои 3
18:40. Финал
20:30. Маросими пӯшидашавӣ

Эзоҳ: оғози бозиҳо бо вақти Душанбе.