Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

“Ҷоми пешрафт-2019”: Тоҷикистон бо Белгия мусовӣ бозӣ кард

23.01.2019

: 1197

Тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол (U-17) дар даври дуюми мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми пешрафт-2019”, ки дар Минск ҷараён дорад, бо тими наврасони Белгия мусовӣ бозӣ кард – 1:1. Голи Тоҷикистонро Ислом Зоиров ба номи худ навишт.
Бозиро муқобили Белгия наврасони мо бо даҳ нафар анҷом доданд. Дар аввали нимаи дуюм Амадонӣ Камолов дуюм корти зард гирифт ва акнун дар бозӣ муқобили Финландия (24 январ) иштирок намекунад.
Дар асоси низомномаи мусобиқа, дастаҳое, ки дар се гурӯҳ ҷои аввалро ишғол менамоянд, инчунин беҳтарин дастаи ҷои дуюми гурӯҳҳо барои ҷом талош мекунанд. Ду дастаи дигари ҷои дуюми гурӯҳҳо ҳамроҳ бо ду дастаи беҳтарини гурӯҳҳо, ки ҷои сеюмро ишғол мекунанд, барои ҷойҳои 5-8 бозӣ мекунанд. Дастаҳои ҷои чорум ва се дастаи ҷои сеюми гурӯҳҳо бозиро барои ҷойҳои 9-12 идома медиҳанд.
Мусобиқа барои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) як марҳилаи омодагӣ ба чемпионати ҷаҳон-2019 ба ҳисоб меравад, ки 5-27 октябр дар Перу баргузор мешавад.

Мусобиқаи байналмилалӣ миёни наврасон (U-17) «Ҷоми пешрафт-2019» дар Минск

1-ум давр
Гурӯҳи «А»

Белорус – ТОҶИКИСТОН – 5:0
Голҳо: Шаҳром Назаров, 11 – автогол (1:0). Адамчик, 29 (2:0). Плют, 35 (3:0). Шестюк, 56 (4:0). Шестюк, 73 (5:0).

Белгия – Финландия – 1:0

Гурӯҳи «В»
Исроил – Молдова – 1:2
Исландия – Гурҷистон – 0:3

Гурӯҳи «С»
Словакия – Литва – 2:0
Булғория – Украина – 1:0

2-юм давр

Гурӯҳи “А”
Белгия – ТОҶИКИСТОН – 1:1
Голҳо: Ислом Зоиров, 13 (0:1). Михез, 51 (1:1).

Финландия – Белорус – 1:0

Гурӯҳи «В»
Исландия – Молдова – 1:0
Гурҷистон – Исроил – 0:2

Гурӯҳи «С»
Булғория – Литва – 1:1
Украина – Словакия – 0:2

Бозиҳои оянда:

3-юм давр
24 январ (панҷшанбе)

12:00. Литва – Украина
14:05. Словакия – Булғория
16:10. Молдова – Гурҷистон
18:15. ТОҶИКИСТОН – Финландия
20:20. Белорус – Белгия
22:25. Исроил – Исландия

Бозиҳои плей-офф
26 январ (шанбе)

12:00. Бозӣ барои ҷойҳои 9-12
14:05. Бозӣ барои ҷойҳои 9-12
16:10. Бозӣ барои ҷойҳои 5-8
18:15. Бозӣ барои ҷойҳои 5-8
20:20. Нимфинал
22:25. Нимфинал

Бозиҳои ҳалкунанда
28 январ (душанбе)

12:00. Бозӣ барои ҷои 11
14:10. Бозӣ барои ҷои 9
12:00. Бозӣ барои ҷои 7
14:10. Бозӣ барои ҷои 5
16:20. Бозӣ барои ҷои 3
18:40. Финал
20:30. Маросими пӯшидашавӣ

Эзоҳ: оғози бозиҳо бо вақти Душанбе.