Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Роҳ ба сӯи Токио. 4 дзюдочии тоҷик дар “Tel Aviv Grand Prix” ширкат мекунанд

Роҳ ба сӯи Токио. 4 дзюдочии тоҷик дар “Tel Aviv Grand Prix” ширкат мекунанд Роҳ ба сӯи Токио. 4 дзюдочии тоҷик дар “Tel Aviv Grand Prix” ширкат мекунанд Роҳ ба сӯи Токио. 4 дзюдочии тоҷик дар “Tel Aviv Grand Prix” ширкат мекунанд Роҳ ба сӯи Токио. 4 дзюдочии тоҷик дар “Tel Aviv Grand Prix” ширкат мекунанд

18.01.2019

: 1174

Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон таҳти раёсати котиби генералии Кумита Абдуллозода Муҳаммадшо ва мудири Шуъбаи кор бо дастаҳои мунтахаби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Зубайдулло Маҳмадуллоев ҷаласаи навбатии гурӯҳи корӣ ҷиҳати омодагӣ ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 доир гардид.

Дар ҷаласаи навбатӣ, сармураббиёни дастаҳои мунтахаб оид ба гуштини озод Абдурозиқ Олимов ва дзюдо Муҳаммадмурод Абдураҳмонов оид ба омодагии варзишгарон ҷиҳати иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ва ба даст овардани роҳхати Бозиҳои олимпии соли 2020 маълумот доданд.
Қайд гардид, ки дар намуди гуштини озод варзишгарон Муҳаммад Икромов, Саидҷон Гулов, Ҷамшед Шарифов, Абулқосим Файзиев, Сорбон Абдулҳаев, Баҳодур Қодиров, Искандари Рустам ва Фарҳод Анақулов имкони гирифтани роҳхат ба Олимпиадаи Токио-2020-ро доранд. Фақат онҳо бояд тибқи нақша ба тамрин фаро гирифта шуда, дар ҷамъомадҳои машқию омӯзишии дохил ва хориҷ аз кишвар ва мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат намоянд, ҳамчунин бо фармакология ва хизмати тиббӣ таъмин гарданд. Дар асоси нақша 8-27 январ дастаи мунтахаб бояд дар шаҳри Красноярски Россия дар ҷамъомади байналмилалии машқӣ-омӯзишӣ ва мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи И. Яригин иштирок мекарданд, аммо бо сабаби набудани маблағ натавонистанд ба Красноярск сафар намоянд.

“Мо тамоми саъю кӯшишамонро барои ҳимояи шарафи варзиши кишвар ва ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 сафарбар менамоем. Дар он сурат муваффақ мешавем, ки нақшаи тақвимии солона пурра иҷро гардад. Аввалин мусобиқаи литсензионӣ – чемпионати ҷаҳон мебошад, ки моҳи сентябр дар Остона доир мегардад ва дар ҳар вазн 6 нафари аввал соҳиби роҳхати олимпӣ мешаванд. Мо тамоми кӯшишамонро мекунем, ки дар аввалин мусобиқа соҳиби роҳхат шавем”, - гуфт А. Олимов.
Муҳаммадмурод Абдураҳмонов хабар дод, ки дастаи мунтахаби кишвар оид ба дзюдо ҷиҳати омодагӣ ба мусобиқаҳои байналмилалӣ 6-12 январ дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон ба ҷамъомади машқию таълимӣ фаро гирифта шуд. Аввалин мусобиқаи байналмилалӣ, ки варзишгарони мо сафарбар мегарданд, Гран Прии Тел Авив (Исроил) мебошад, ки 24-26 январ баргузор мешавад. Дар ин мусобиқа ҷумҳурии моро 4 варзишгар – Беҳрӯзи Хоҷазода, Хайёмиддин Ҷабборов (-73кг), Акмал Муродов (-81кг) ва Саидҷалол Саидов (-100) намояндагӣ ва барои беҳтар кардани мавқеашон дар раддабандии олимпӣ кӯшиш мекунанд. Дар мусобиқа иштироки 415 варзишгар (234 мард, 181 зан) аз 54 кишвари дунё дар назар аст.
Ба ғайр аз варзишгарони номбурда, инчунин Сомон Маҳмадбеков (-73кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-81кг), Комроншоҳ Устопириён (-90кг), Шакармамад Мирмамадов ва Темур Раҳимов (+100кг) барои ба даст овардани роҳхати Олимпиадаи Токио талош хоҳанд кард. Бо хушнудӣ зикр шуд, ки ҳамаи варзишгарони номбурда дар раддабандии олимпӣ мавқеъ доранд. Акнун онҳоро зарур аст, ки дар ҳамаи мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ, ки зери сарпарастии Федератсияи байналмилалии дзюдо доир мегарданд, иштирок кунанд, зеро ширкат накардан дар як мусобиқа боиси паст шудани мавқеи варзишгарон дар раддабандӣ мешавад.
5 варзишгар аз ҳайати дастаи мунтахаб оид ба дзюдо – Комроншоҳ Устопириён, Темур Раҳимов, Беҳрӯз Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков ва Шоҳида Қаландарова аз дастгирии молиявии олимпӣ бархурдор буда, аз ҳамин ҳисоб дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат менамоянд. Аъзои дигари даста аз ҳисоби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Федератсияи дзюдо ва сарпарастон дастгирии молиявӣ хоҳанд ёфт.
Дар идомаи ҷаласа аз ҷониби Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш “Дастурамал оид ба марҳила ба марҳила ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои расмии тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” муаррифӣ шуд, ки баргузории мусобиқаҳо, чемпионатҳои ҷумҳурӣ, иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, таҳияи тақвими ягонаи ҷумҳуриявии чорабиниҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиширо ба танзим медарорад.
Аз ҷумла, бо нигаронӣ қайд гардид, ки чанд соли охир ҳайати дастаҳои мунтахаб тағйир намеёбанд ва шояд варзишгарони болаёқат дар минтақаҳо аз назарҳо дур мемонанд. Аз ин пас барои дар чемпионати ҷумҳурӣ иштирок кардан варзишгар бояд дар мусобиқаи интихобии ноҳиявӣ ва вилоятӣ/минтақавӣ иштирок кунад. Ғолибони мусобиқаи ноҳиявӣ ба мусобиқаи вилоятӣ/минтақавӣ ва ғолибони вилоятӣ ба чемпионати ҷумҳурӣ роҳхат мегиранд. Дар асоси дастурамал танҳо чорабиниҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишие, ки ба нақшаи ягонаи тақвимии чорабиниҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ ворид гардидаанд, расмӣ эътироф мешаванд.