Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ҳамкориҳо миёни кумитаҳои олимпии Тоҷикистону Ҷопон тақвият меёбанд

Ҳамкориҳо миёни кумитаҳои олимпии Тоҷикистону Ҷопон тақвият меёбанд Ҳамкориҳо миёни кумитаҳои олимпии Тоҷикистону Ҷопон тақвият меёбанд Ҳамкориҳо миёни кумитаҳои олимпии Тоҷикистону Ҷопон тақвият меёбанд

30.11.2018

: 1601

Дар ҳошияи ҷаласаи Ассамблеяи генералии Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ (28-29 ноябр) дар шаҳри Токио, муовини Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода бо президенти Кумитаи олимпии Ҷопон Тсунеказу Такеда мулоқот кард.

Дар ҷараёни мулоқот миёни кумитаҳои олимпии ҳар ду кишвар Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Ҷонибҳо зимни суҳбат масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, омодагӣ ба Бозиҳои олимпии соли 2020 дар Токио ва ғайраро баррасӣ карданд.
Дар асоси созишнома ҳар ду ҷониб муносибати дӯстонаро дар самти варзиш идома медиҳанд ва ҳамкориро дар самтҳои такмили ихтисоси мураббиёну доварон бо баргузории семинару курсҳои омӯзишӣ, омодагии касбии варзишгарон, мубодила миёни федератсияҳои миллии варзишии ҳар ду кишвар, мубориза зидди доруҳои истифодаашон мамнуъ (допинг) тақвият медиҳанд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш, зимни сафари расмии Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба давлати Ҷопон миёни Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва ҳукумати шаҳри Аомории Ҷопон ҷиҳати омодагии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон дар давраи қабл аз Бозиҳои олимпии Токио-2020 Ёддошти тафоҳум ба имзо расида буд ва корҳо дар асоси ёддошти тафоҳум оғоз гардиданд.