Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Тоҷикистон дар ЧҶ-2018 оид ба шиноварӣ ширкат мекунад

27.11.2018

: 1402

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба шиноварӣ ҷиҳати иштирок дар чемпионати ҷаҳон-2018 дар ҳайати 5 нафар (4 варзишгар, 1 мураббӣ) тасдиқ шуд.

Чемпионати ҷаҳон-2018 оид ба шиноварӣ 11-16 декабр дар шаҳри Ҳангжоуи Чин баргузор мегардад. Дар чемпионат иштироки 900 варзишгар аз 150 давлати ҷаҳон дар назар аст. Варзишгарон аз рӯи 46 қувваозмоӣ миёни мардону бонувон барои ҷойҳои ифтихорӣ талош мекунанд. Федератсияи байналмилалии шиноварӣ фонди ҷоизавии чемпионати ҷаҳон-2018-ро дар ҳаҷми 2070000 доллари ИМА муқаррар кардааст, ки 1530000 доллараш барои мусобиқаҳои инфиродӣ ва 540000 доллар барои эстафета нигаронида шудааст. Тибқи низомнома барои 8 ҷои аввал ҷоизапулӣ дода мешавад:
Ҷои 1: 10 000 доллари ИМА;
Ҷои 2: 8 000 доллари ИМА;
Ҷои 3: 7 000 доллари ИМА;
Ҷои 4: 6 000 доллари ИМА;
Ҷои 5: 5 000 доллари ИМА;
Ҷои 6: 4 000 доллари ИМА;
Ҷои 7: 3 000 доллари ИМА;
Ҷои 8: 2 000 доллари ИМА.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар чемпионати ҷаҳон оид ба шиноварӣ-2018. Ҳангжоу, Чин:
Мадкамов Фахриддин (тарзи парвона – 50, 100 метр);
Ишанов Олимҷон (пуштнокӣ – 50 метр, тарзи озод – 50 метр)
Климик Карина (тарзи парвона – 50 метр, брасс – 50 метр)
Тюрина Анастасия (тарзи озод – 50 метр, 100 метр)

Сармураббӣ Алишер Чингизов

Тақвими мусобиқаҳо бо иштироки варзишгарони тоҷик:
11 декабр
50м, брасс (бонувон) – Климик Карина

12 декабр
100м, тарзи озод (бонувон) – Тюрина Анастасия
100м, тарзи парвона (мардон) – Мадкамов Фахриддин

13 декабр
50м, тарзи парвона (бонувон) – Климик Карина
50м, пуштнокӣ (мардон) – Ишанов Олимҷон
50м, тарзи озод (мардон) – Ишанов Олимҷон

14 декабр
50м, тарзи парвона (мардон) – Мадкамов Фахриддин

15 декабр
50м, тарзи озод (бонувон) – Тюрина Анастасия