Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Бохти футболбозбонувони Тоҷикистон аз дасти мизбон

26.11.2018

: 984

Дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон оид ба футбол дар даври дуюми чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ-2018 (CAFA) аз тими мизбон - Узбекистон мағлуб шуд – 0:11.

Дар бозии дигар мунтахаби бонувони Эрон бар дарвозаи тими Афғонистон 6 голи беҷавоб зад. Баъ аз ду давр дар ҷадвали мусобиқа дастаи Узбекистон бо 6 хол садрнишин аст. Эрон, ки як бозӣ анҷом дод ва Тоҷикистон бо 3-холӣ дар ҷойҳои дуюму сеюм мебошанд. Қирғизистону Афғонистон бе хол дар зинаҳои чоруму панҷум қарор доранд.
Тоҷикистон дар даври сеюм озод буда, дар даври чорум 29 ноябр бо тими бонувони Эрон вомехурад.
Дар асоси низомнома, чемпионати CAFA миёни бонувон тибқи системаи даврӣ дар як марҳила сурат мегирад. Ғолиби чемпионат дастае мегардад, ки холи бештар ба даст оварад.