Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Медали нуқраи Сабрина дар чемпионати Осиёи Ғарбӣ

26.11.2018

: 1139

Шоҳмотбоздухтари 12-солаи кишвар Сабрина Абророва дар чемпионати Осиёи Ғарбӣ, ки 16-23 ноябр дар шаҳри Тошканди Узбекистон баргузор шуд, ҷои дуюмро ишғол кард. Ӯ аз 7 холи имконпазир 5 хол ба даст овард.

Дар чемпионат 300 шоҳмотбози 11 кишвар иштирок карданд. Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон аз 10 шатранҷбоз иборат буд. Сабрина Абророва, хонандаи синфи 6-и мактаби миёнаи рақами 55-и шаҳри Душанбе, дар сабқати шоҳмоти фаврӣ (рапид) миёни духтарони то 12-сола мақоми дуюмро ишғол кард. Дар ин мусобиқа, инчунин шатранҷбози навраси тоҷик Меҳриддин Шарифов натиҷаи нисбатан хуб нишон дод. Дар байни писарони то 14-сола ӯ сазовори ҷойи чорум гардид.
Сабрина шоҳмотбози умедбахш мебошад. Ӯ соли гузашта бори аввал дар мусобиқаи байналмилалӣ – Ҷоми Ботвинник дар Маскав иштирок карда, дар ду бозӣ ғолиб омада, 3 бозиро мусовӣ анҷом дод, ки барои ҷавонтарин иштирокчӣ натиҷаи хуб ба ҳисоб мерафт. Имсол дар 43-юм Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот (Батуми, Гурҷистон) Сабрина аз 11 холи имконпазир 6,5 хол ба даст овард, ки дар таърихи шоҳмоти Тоҷикистон миёни бонувон натиҷаи беҳтарин буд.