Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Футболбозбонувони Тоҷикистон чемпионати CAFA-ро бо ғалаба оғоз карданд

23.11.2018

: 1167

Дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон оид ба футбол бо роҳбарии сармураббӣ Сулаймон Бобокалонов дар бозии аввали чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ-2018 (CAFA) бар тими Қирғизистон ғалаба кард.

Бозӣ имрӯз дар Варзишгоҳи миллии шаҳри Тошканд бо ҳисоби 1:0 ба анҷом расид. Голи ягонаро капитани тими бонувони мо Мадина Фозилова дар дақиқаҳои иловагии дидор (90+5) зад.
Дар бозии дигар дастаи бонувони Узбекистон бар тими Афғонистон бо ҳисоби 20:0 ғалаба кард.
Тоҷикистон дар даври дуюм 25 ноябр бо тими бонувони Узбекистон вомехурад.
Дар мусобиқа, ки то 1 декабри соли равон дар шаҳри Тошканд доир мегардад, 5 дастаи бонувон иштирок доранд. Дар баробари Тоҷикистон дастаҳои мунтахаби бонувони Афғонистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Эрон барои медалҳо талош мекунанд.
Дар асоси низомнома, чемпионати CAFA миёни бонувон тибқи системаи даврӣ дар як марҳила сурат мегирад. Ғолиби чемпионат дастае мегардад, ки холи бештар ба даст оварад.