Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Токио-2020: расидан ба ҳадафҳои рушди устувор тавассути варзиш

20.11.2018

: 1100

Кумитаи тадорукоти Бозиҳои олимпӣ ва паралимии Токио-2020 ва Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои рушди устувор ҳамкорӣ мекунанд. Дар ин бобат 14 ноябр дар Токио созишномаи дахлдор ба имзо расид.

Санадро муовини дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои ҷаҳонӣ Элисон Смейл ва роҳбари Кумитаи тадорукоти Бозиҳои олимпӣ ва паралимпии Токио-2020 Тосиро Муто имзо карданд.
“СММ ба ин ақида аст, ки варзиш метавонад рӯи нафарони алоҳида ва умуман, рӯи ҷомеа таъсири бузург дошта бошад. Мо хеле пеш нақши варзишро дар барқарории сулҳ ва рушди устувор эътироф кардаем”, - гуфтааст Элисон Смейл.
Тосиро Муто афзуд: “Аз рӯзи аввали таъсиси Кумитаи тадорукоти Бозиҳои олимпии Токио-2020 мо ба муҳимияти устуворӣ такя кардем. Аз нигоҳи мо, варзиш метавонад дунёро иваз кунад ва мо хеле шодем, ки бо СММ дар ин самт ҳамкорӣ менамоем. Тариқи бозиҳо мо метавонем мушкилоти глобалиро ба мардуми ҷаҳон фаҳмонем ва барои наслҳои оянда як ҷомеаи устувор ба мерос гузорем”.  
Барномаи рушди устувори СММ барои то соли 2030 масъалаҳои мубориза бо камбизоатӣ, гуруснагӣ, нобаробарии гендерӣ, ҳалли мушкилоти соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва дигар мақсадҳоро дар самти иқтисод, иҷтимоъ ва экология дар бар мегирад.