Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Роҳ ба сӯи Токио. Дзюдо

19.11.2018

: 1089

Мусобиқа оид ба дзюдо бори аввал дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио-1964 доир гашт ва баъдан ба барномаи ҳамаи бозиҳо ворид карда шуд, ба ғайр аз Бозиҳои олимпии Мехико-1968. Аввал рақобатҳо миёни мардон сурат мегирифт, қувваозмоиҳо миёни занон бори аввал дар Олимпиадаи Барселона-1992 доир гашт.

Соли 1964 мусобиқаи дзюдо аз рӯи чор категорияи вазнӣ сурат гирифт: вазни озод, -68кг, -80кг, +80кг. Такеҳида Накатанӣ, Исао Окано, Исао Инокума (ҳар се аз Ҷопон), Антон Гесинк аз Ҳолланд аввалин қаҳрамонҳои олимпӣ дар намуди дзюдо мебошанд.

Варзишгарони тоҷик соли 1996 дар Бозиҳои олимпии Атланта (3 нафар), соли 2008 дар Бозиҳои олимпии Пекин (3 нафар), соли 2012 дар Бозиҳои олимпии Лондон (2 нафар) ва соли 2016 дар Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро (2 нафар) иштирок кардаанд. Соли 2008 дар Бозиҳои олимпии Пекин Расул Боқиев аввалин медали олимпии Тоҷикистонро ба даст овард. Ӯ дар қувваозмоии вазни -73кг сазовори медали биринҷӣ гашт.

Соли 2020 (26 июл – 9 август) дар Токио – пойтахти Ҷопон XXXII Бозиҳои тобистонаи олимпӣ баргузор мешавад. Ба барномаи бозиҳо 33 намуди варзиш ворид гардидааст.
Мусобиқаи дзюдо аз рӯи 15 қувваозмоӣ доир мешавад: мардон дар 7 вазн, бонувон дар 7 вазн ва 1 қувваозмоии даставии омехта.
Дар намуди дзюдо ҳамагӣ 386 варзишгар (193 нафар миёни мардон, 193 нафар миёни бонувон) иштирок мекунанд. 352 нафар (176-нафарӣ миёни мардону бонувон) тариқи роҳхати мустақим, 14 нафар (7-нафарӣ миёни мардону занон) варзишгарони кишвари мизбон, 20 нафар тариқи квота ба Токио сафарбар мегарданд.
Роҳхатҳои мустақим (252 адад) дар асоси раддабандии олимпии Федератсияи ҷаҳонии дзюдо (ФҶД) аз 25 майи соли 2020 тақсим мешавад. 18 нафари аввали ҳар категорияи вазнӣ соҳиби роҳхати олимпӣ мешаванд. Вале аз як кумитаи милли олимпӣ (КМО) дар як вазн як нафар имкони гирифтани роҳхатро дорад. Яъне, агар КМО дар як категорияи вазнӣ 2 ё зиёда роҳхат ба даст оварад, пас бояд як нафарро интихоб кунад. Ҷойҳои холишуда аз ин ҳисоб аз ҳисоби варзишгарони ҷойҳои 19 боло пур карда мешавад.
100 роҳхати дигар дар асоси раддабандии олимпӣ ба намояндагони қораҳо насиб мегардад. Дар асоси раддабандии олимпӣ раддабандии қитъавӣ тартиб дода мешавад ва намояндагони қораҳо, ки дар 18-гонаи аввал ҷой нагирифтанд, вале мавқеашон хуб аст, сазовори роҳхати олимпӣ мешаванд. Шакли тақсимбандии ҷойҳо барои қораҳо чунин аст:
Аврупо – 25 роҳхат (13 роҳхат ба мардҳо, 12 роҳхат ба бонувон)
Амрико – 21 роҳхат (10 роҳхат ба мардҳо, 11 роҳхат ба бонувон)
Африқо – 24 роҳхат (12-нафарӣ миёни мардону бонувон)
Осиё – 20 роҳхат (10-нафарӣ миёни мардону бонувон)
Уқёнус – 10 роҳхат (5-нафарӣ ба мардону бонувон)
14 варзишгари кишвари мизбон (дар ҳар категорияи вазнӣ як нафар) миёни мардону бонувон соҳиби квота мегарданд. Ҷойи онҳо дар раддабандии олимпӣ ба инобат гирифта намешавад.
20 квота бо қарори Комиссияи сеҷониба ба КМО-е, ки шумораи роҳхатҳои олимпиашон дар ҳама намуди варзиш кам аст, дода мешавад.
Марҳилаи интихобии олимпӣ дар намуди дзюдо 25 майи соли 2018 шурӯъ гардид ва 25 майи соли 2020 ба анҷом мерасад. Ҳамаи мусобиқаҳои дзюдо, ки дар рӯйхати чорабиниҳои ФҶД сабт гардидаанд ва дар давраи аз 25.06.2018 то 24.05.2020 доир мегарданд, интихобӣ ба ҳисоб мераванд. Варзишгарон дар мусобиқаҳо иштирок карда, соҳиби холҳои олимпӣ мегарданд. Натиҷаи раддабандии олимпӣ баъд аз ҳар мусобиқа дар сомонаи расмии ФҶД нашр мешавад.
Барои омодагӣ ва дарёфти роҳхати олимпӣ 6 нафар аъзои дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба дзюдо – Комроншоҳ Устопириён (-90кг), Хоҷазода Беҳрӯз (-73кг), Сомон Маҳмадбеков (-73кг), Суҳроб Боқиев (-60кг), Саидҷалол Саидов (-100кг) ва Шоҳида Қаландарова (-57кг) аз дастгирии молиявии олимпӣ бархурдоранд.
Инчунин, Ҷаҳонгир Маҷидов (-81), Темур Раҳимов (+100кг), Шакармамад Мирмамадов (+100кг), Акмал Муродов (-81кг), Ёқубҷон Боқиев (-66кг), Мирзоҷамил Рамазонов (-73кг), Шарифҷон Назриев (-100кг), Хайёмиддин Ҷабборов (-73кг), Наврӯз Каримзод (-66кг), Раҳматуллобек Фарҳодов (-73кг), Хуршед Маҷидов (+100кг), Эмомҷон Камолов (-90кг), Меҳрзод Сӯфиев (-60кг), Иброҳим Абдуллоев (-60кг), Кароматулло Ҳакимов (-81кг), Идибег Тоиров (-66кг) низ дар рӯйхати раддабандии олимпӣ ворид шудаанд ва имкони мубориза барои дарёфти роҳхати олимпиро доранд.

Мусобиқаи дзюдо дар Бозиҳои олимпии Токио-2020
Қувваозмоӣ – 15
Мардон – 7
Бонувон – 7
Даставии омехта – 1

Шумораи иштирокчиён
Мардон – 193
Бонувон - 193
Ҳамагӣ – 386

Синну сол – 15+

Тақсимоти ҷойҳо:
Роҳхати мустақим – 252
Роҳхат тариқи қораҳо - 100
Квота аз ҷониби Комиссияи сеҷониба - 20
Квота барои кишвари мизбон – 14
Ҳамагӣ - 386