Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Мухолифати канадагиҳо КБО-ро шигифтзада кард

16.11.2018

: 1129

Сокинони шаҳри Калгарии Канада бо баргузории раъйпурсӣ зидди доир шудани Бозиҳои олимпӣ дар шаҳрашон овоз доданд.

Раъйдиҳӣ 13 ноябр баргузор шуда, дар он ҳудуди 768 ҳазор нафар иштирок карданд. Ба онҳо ду варианти савол пешниҳод шуд: барои гузаронидани Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Калгари “тарафдор” ё “зид” ҳастед? Дар натиҷа 56,4 дарсади аҳолӣ зидди баргузории Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2026 дар Калгари овоз доданд. Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) ба мавқеи шаҳри Калгари посух гуфт.
Намояндаи КБО Скотт Хатчинсон иқрор шуд, ки натиҷаи раъйпурсӣ кумитаро шигифтзада кард. Ӯ аз он ки далелҳои вобаста ба манфиати иҷтимоию варзишӣ аз баргузории олимпиада кор надодааст, изҳори таассуф кард.
Мизбони Бозиҳои олимпии соли 2026 24 июни соли 2019 дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии олимпӣ интихоб мегардад. Баъд аз он ки Калгари аз мизбонии бозиҳо даст кашид, ду дархости дигар монд: Милан/Кортина д’Ампессо (Италия) ва Стокҳолм (Шведсия).