Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Мунтахаби бонувони Тоҷикистон иштирокаш дар мусобиқаи интихобии БО-2020-ро анҷом дод

Мунтахаби бонувони Тоҷикистон иштирокаш дар мусобиқаи интихобии БО-2020-ро анҷом дод Мунтахаби бонувони Тоҷикистон иштирокаш дар мусобиқаи интихобии БО-2020-ро анҷом дод Мунтахаби бонувони Тоҷикистон иштирокаш дар мусобиқаи интихобии БО-2020-ро анҷом дод

14.11.2018

: 1133

Марҳилаи аввали интихобии мусобиқаи футболи бонувон ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 дар гурӯҳи “А” дар шаҳри Ҳисор ба анҷом расид. Дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон мунтахабҳои Муғулистон ва Сингапурро пеш гузашта, дар гурӯҳ ҷои сеюмро ишғол кард.

Дар даври ниҳоӣ футболбоздухтарони тоҷик ба дарвозаи тими Сингапур 6 голи беҷавоб заданд. Дар ҳайати тими мунтахаби кишвари мо Гулсунбӣ Ҳалимова 5 гол зад. Як голи дигарро Мадина Фозилова ба номаш сабт кард. Ин дуюм ғалабаи тими мунтахаби бонувони Тоҷикистон дар ин мусобиқа аст. Қаблан дар даври аввал шогирдони Сулаймон Бобокалонов бар дастаи Муғулистон (4:1) пирӯз шуда буданд.
Дар бозии дигари гурӯҳ Тайпейи Чин бар дастаи Филиппин бо ҳисоби 5:0 ғалаба карда, бо 12 хол ҷои аввалро ишғол намуд. Филиппин 9 хол ба даст овард. Дастаи Тоҷикистон бо 6 хол дар зинаи сеюм қарор гирифт. Муғулистон ва Сингапур бо якхолӣ дар мавқеи чоруму панҷум ҷой гирифтанд.
Ба марҳилаи дуюми интихобии мусобиқаи футболи бонувон ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 аз гурӯҳи “А” дастаҳои Тайпейи Чин ва Филиппин роҳхат гирифтанд. Барои ба марҳилаи дигар баромадан ба мунтахаби Тоҷикистон як хол нарасид.
Дар баробари Тайпейи Чин ва Филиппин ба марҳилаи дуюми интихобӣ, ки мунтахабҳои Узбекистон ва Ветнам ворид буданд, ҳамчунин дастаҳои Эрон, Ҳонг Конг (аз гурӯҳи “В”), Мянма, Ҳиндустон (аз гурӯҳи “С”), Урдун, Фаластин (аз гурӯҳи “D”) роҳхат гирифтанд. Ду дастаи беҳтарини ҷои сеюми гурӯҳҳо Непал (гурӯҳи “С”) ва Фаластин (гурӯҳи “D”) ҳисобида шуданд.
Марҳилаи дуюми интихобии мусобиқаи футбол ба Бозиҳои олимпии соли 2020 бо иштироки 12 даста дар се гурӯҳ аз 1 то 9 апрели соли оянда баргузор мешавад.

Мусобиқаи футболи Бозиҳои олимпии соли 2020 миёни бонувон
Марҳилаи аввали интихобӣ

Гурӯҳи «А». 5-ум давр
ТОҶИКИСТОН – Сингапур – 6:0
Голҳо: Гулсунбӣ Ҳалимова, 5 (5:0). Гулсунбӣ Ҳалимова, 12 (2:0). Гулсунбӣ Ҳалимова, 26 (3:0). Гулсунбӣ Ҳалимова, 38 (4:0). Мадина Фозилова, 47 (5:0). Гулсунбӣ Ҳалимова, 77 (6:0).

Тоҷикистон: Муаттара Раҳматуллоева, Сайрам Холназарова, Мавҷуда Сафарова, Гулсунбӣ Ҳалимова (Шукронаи Ҷумахон, 80), Зулайхо Сафарова (Зуҳали Фарҳод, 90), Мадина Фозилова, Нодира Мирзоева, Лайло Ҳалимова (Зебонисо Абдуллоева, 68), Муниса Мирзоева, Марҷона Файзуллоева, Некубахт Худододова.

Огоҳӣ: Сайрам Холназарова, Лайло Ҳалимова, Марҷона Файзуллоева (Тоҷикистон), Сурия Прия (Сингапур).

Сардовар: Кэтрин Ясевич (Австралия)

Нозири доварон: Муҳсин Торки (Эрон).

Комиссари бозӣ: Абир Рантиси (Урдун).

13 ноябр. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 100 мухлис.


Тайпейи Чин – Филиппин – 5:0