Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Қадрдонии Шаҳриёр Даминов аз ҷониби Бонки миллӣ

13.11.2018

: 1157

Варзишгари шинохтаи кишвар Шаҳриёр Даминов барои дастовардҳояш дар соли 2018 бо “Ифтихорнома” ва кӯмакпулии Бонки миллии Тоҷикистон қадрдонӣ гардид.

Раиси Бонки миллӣ Ҷамшед Нурмуҳаммадзода зимни супоридани “Ифтихорнома” иброз дошт, ки ин иқдом бо мақсади ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки баҳри рушди ҷомеаи солиму адолатпарвар ва худогоҳию худшиносӣ равона гардидааст, ҳамчунин оммавӣ гардонидани варзиш, ҳавасмансозии варзишгарон, таҳкими тарзи ҳаёти солим ва рушди соҳаи варзиш рӯи даст гирифта шуд.
Ҷамшед Нурмуҳаммадзода аз дасторвадҳои баланди варзишгар Шаҳриёр Даминов дар сатҳи байналмилалӣ истиқбол намуда, барои дар оянда ба зинаҳои баландтар расидан ба ӯ муваффақият таманно намуд.
Шаҳриёр Даминов аз 14-солагӣ ба варзиши қайиқронӣ машғул мебошад ва 4 соли охир қаҳрамони Тоҷикистон аст. Ӯ соли равон дар Бозиҳои Осиё, ки моҳи август дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанг баргузор шуд, дар қайиқронӣ дар байдарка ба масофаи 1000 метр сазовори медали нуқра ва дар чемпионати Осиё миёни ҷавонони то 23-сола дар шаҳри Самарқанд дар масофаҳои 1000 ва 500 метр ду медали тилло ба даст овард.
Айни замон Шаҳриёр Даминов зери роҳбарии Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ Нодир Сафаров барои ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 омодагӣ мебинад. Варзишгароне, ки дар чемпионати ҷаҳон ҷойҳои аз 1 то 6-умро ишғол мекунанд, инчунин, ғолибони чемпионати Осиё ва Ҷоми ҷаҳон соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 мегарданд.