Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Самбо: Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон-2018

Самбо: Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон-2018 Самбо: Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон-2018 Самбо: Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон-2018 Самбо: Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон-2018 Самбо: Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон-2018

12.11.2018

: 1340

Паҳлавони шинохтаи кишвар Хушқадам Хусравов дар рӯзи сеюми Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо, ки дар шаҳри Бухарести Руминия баргузор шуд, медали тилло ба даст овард.

Хушқадам дар қувваозмоии вазни -62кг дар даври аввал бар Рафелин Перез (Доминикан), дар даври дуюм бар Ҳристо Георгиев (Булғория), дар чорякфинал бар Генади Чиргадзе (Гурҷистон), дар нимфинал бар Дмитро Левдошенко (Украина) ва дар финал бар варзишгари Русия Руслан Багдасарян ғолиб омада, медали тиллои чемпионатро ба гардан овехт.
Дар рӯзи сеюми чемпионат варзишгарони дигари мо – Зафар Олимшоев (-82кг) дар самбои варзишӣ, Умедҷон Муҳиддинов (-68кг) ва Солеҳ Ҳасанов (-90кг) дар самбои размӣ аз медал бенасиб монданд.
Ёдовар мешавем, ки варзишгарони мо Акмалиддин Каримов дар вазни -57, Хоҷазода Беҳрӯз дар вазни -74кг дар самбои варзишӣ ва Сорбон Латифов дар вазни -62кг-и самбои размӣ дар рӯзи дуюми чемпионат ҷои сеюмро ишғол намуданд.
Умуман, варзишгарони мо дар чемпионати ҷаҳон оид ба самбо дар соли 2018 сазовори 4 медал – 1 тилло, 3 биринҷӣ гардиданд.