Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Гуштингирони тоҷик дар ЧҶ-2018 миёни ҷавонон иштирок мекунанд

10.11.2018

: 1160

Тоҷикистонро дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гуштин миёни ҷавонони то 23-сола 3 варзишгар ва 1 мураббӣ намояндагӣ мекунанд.

12-18 ноябр дар шаҳри Бухарести Руминия чемпионати ҷаҳон оид ба гуштини озод ва юнонӣ-римӣ миёни ҷавонони то 23-сола баргузор мешавад. Дар чемпионат иштироки 459 варзишгар (219 варзишгар дар гуштини озод, 240 нафар дар гуштини юнонӣ-римӣ) дар назар аст.
Тавре аз Федератсияи гуштини Тоҷикистон иттилоъ доданд, аз ҷумҳурии мо се варзишгар – Далер Ризозода (вазни 77кг), Суҳроб Абдулҳаев (82кг), Азмуддин Ваҳобов (130кг) бо роҳбарии сармураббӣ Ҳабибулло Абдуллоев дар гуштини юнонӣ-римӣ ширкат менамоянд.