Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Мунтахаби бонувони Тоҷикистон дар даври дуюм аз Тайпей шикаст хурд

07.11.2018

: 1092

Мунтахаби бонувони Тоҷикистон оид ба футбол дар даври дуюми мусобиқаи марҳилаи аввали интихобии Бозиҳои олимпии Токио-2020 дар гурӯҳи “А” аз дастаи мунтахаби бонувони Тайпейи Чин бо ҳисоби 0:9 мағлуб шуд.

Бозии дигари гурӯҳ миёни дастаҳои Муғулистон ва Сингапур мусовӣ (2:2) анҷом ёфт.
Баъд аз натиҷагирии ду давр Тайпейи Чин, Филиппин ва Тоҷикистон 3-холӣ ба даст оварданд, Муғулистон ва Сингапур якхолӣ.
Бозиҳои даври сеюм 8 ноябр баргузор мешавад. Соати 13:00 футболбоздухтарони Тайпейи Чин ва Муғулистон вориди майдон мешаванд, соати 16:00 бошад, Тоҷикистон бо Филиппин қувва месанҷанд.
Ёдовар мешавем, ки дар асоси натиҷаи марҳилаи аввали интихобии Бозиҳои олимпии Токио-2020 ғолибони гурӯҳҳо, дастаҳое, ки ҷои дуюмро ишғол мекунанд ва ду дастаи беҳтарини ҷои сеюми гурӯҳҳо (10 даста) ба марҳилаи дуюми интихобӣ, ки 1-9 апрели соли оянда ба нақша гирифта шудааст, роҳхат мегиранд.

Мусобиқаи футболи Бозиҳои олимпии Токио-2020 миёни бонувон
Марҳилаи аввали интихобӣ. Гурӯҳи “А”. 2-юм давр

ТОҶИКИСТОН – Тайпейи Чин – 0:9
Голҳо: Мишел Пао, 41, 44 (0:2). Ю Сиу Чин, 51, 55, 56, 66 (0:6). Ли Сиу Чин, 74, 78, 82 (0:9).

Тоҷикистон: Саҳина Саидова, Сайрам Холназарова, Гулсунбӣ Ҳалимова, Зулайхо Сафарова, Мадина Фозилова, Лайло Ҳалимова, Нодира Мирзоева, Муниса Мирзоева, Марҷона Файзуллоева (Зебонисо Абдуллоева, 83), Некубахт Худододова (Насиба Олимова, 69), Шукронаи Ҷумъахон (Мавҷуда Сафарова, 46).

Главный судья: Панса Чаисанит (Таиланд).

Инспектор судей: Мохсен Торки (Иран).

Комиссар матча: Эмили Лау (Гонконг).

6 ноября. Гиссар. Центральный стадион. 150 зрителей.

Огоҳӣ: Некубахт Худодова (Тоҷикистон).

Сардовар: Панса Чаисанит (Тайланд).

Нозири доварон: Муҳсин Торкӣ (Эрон).

Комиссари бозӣ: Эмили Лау (Ҳонг Конг).

6 ноябр. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 150 мухлис.

Муғулистон – Сингапур – 2:2
Голҳо: Намуур Байарсайҳан, 4 (1:0). Тувшинҷаргал Ундрал, 38 (2:0). Чуа Кай Анҷелине, 68 (2:1). Нур Раудха Хамис, 87 (2:2).

Огоҳӣ: Нурул Фатин Шукран (Сингапур)

Сардовар: Буй Тҳи Тҳу Транг (Ветнам).

Нозири доварон: Видия Ҳабиб Шамсури (Малайзия).

Комиссари бозӣ: Абир Ранттиси (Урдун).

6 ноябр. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 50 мухлис.

Бозиҳои оянда:
3-юм давр
8 ноябр (панҷшанбе)
13:00. Тайпейи Чин – Муғулистон
16:00. Филиппин – ТОҶИКИСТОН

4-ум давр
11 ноябр (якшанбе)
13:00. Филиппин – Муғулистон
16:00. Сингапур – Тайпейи Чин

5-ум давр
13 ноябр (сешанбе)
13:00. Тайпейи Чин – Филиппин
16:00. ТОҶИКИСТОН – Сингапур