Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Мунтахаби Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар ЧҶ оид ба самбо муайян шуд

02.11.2018

: 1227

9-11 ноябри соли равон дар шаҳри Бухарест – пойтахти Руминия – чемпионати ҷаҳон оид ба самбо миёни калонсолон баргузор мешавад.

Беҳтарин варзишгарон аз ҳар гӯшаи ҷаҳон барои 27 маҷмӯи медалҳо (9 маҷмуъ миёни мардон, 9 маҷмуъ миёни бонувон, 9 маҷмуъ дар самбои размӣ) дар пойтахти Руминия ҷамъ меоянд.
Дастаи мунтахаби ҷумҳурии мо дар ҳайати 10 нафар – 8 нафар дар самбои варзишӣ, 2 нафар дар самбои размӣ – муайян гардид:

Самбои варзишӣ
Вазни -52кг – Ҷомии ҲАСАН
Вазни -57кг – Акмалиддин КАРИМОВ
Вазни -62кг – Хушқадам ХУСРАВОВ
Вазни -68кг – Мустафо ҲАСАНОВ
Вазни -74кг – Беҳрӯз ХОҶАЗОДА
Вазни -82кг – Зафар ОЛИМШОЕВ
Вазни -90кг – Комроншоҳ УСТОПИРИЁН
Вазни -100кг – Муҳаммадризо ҚУРБОНЗОДА

Самбои размӣ
Вазни -62кг – Сорбон ЛАТИФОВ
Вазни -68кг – Умед МУҲИДДИНОВ

Федератсияи байналмилалии самбо дар чемпионати ҷашни 80-солагии самбо фонди ҷоизавии чемпионати ҷаҳонро дар ҳаҷми 216 000 доллари ИМА тасдиқ кард. Варзишгароне, ки сазовори медал мегарданд, ҷоизапулӣ низ дарёфт мекунанд:
Ҷои 1 – 3000 доллари ИМА
Ҷои 2 – 2000 доллари ИМА
Ҷои 3 – 1500 доллари ИМА

Ёдовар мешавем, ки дар чемпионати ҷаҳон оид ба самбо соли гузашта дар Сочи варзишгари маъруфи кишвар Беҳрӯз Хоҷазода ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт. Акмалиддин Каримов ва Набимуҳаммад Хоркашев сазовори медали нуқра, Зафар Олимшоев ва Сорбон Латифов сазовори медали биринҷӣ гардида буданд.