Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Дуюм медали тиллои Шаҳриёр дар Самарқанд

Дуюм медали тиллои Шаҳриёр дар Самарқанд Дуюм медали тиллои Шаҳриёр дар Самарқанд

25.10.2018

: 1296

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба қайиқронӣ дар чемпионати Осиё миёни ҷавонони то 23-сола ва Ҷоми Осиё, ки имрӯз дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон ба анҷом расид, сазовори 6 медал (2 тилло, 4 биринҷӣ) гардиданд.

Дар рӯзи охири чемпионати Осиё Шаҳриёр дар каноэи якнафарӣ ба масофаи 500 метр аввалин шуда ба марра расид. Намояндаи Тайпейи Чин ҷои дуюм, варзишгари мизбон – Узбекистон ҷои сеюмро ишғол намуданд.
Шаҳриёр Даминов ҳамроҳ бо Мустафо Даминов, Абубакр Рустамов ва Дилшод Ҷӯраев, ҳамчунин дар байдаркаи чорнафарӣ дар масофаи 500 метр медали биринҷӣ ба гардан овехтанд.
Шаҳриёр Даминов дар рӯзи аввали Чемпионати Осиё миёни ҷавонони то 23-сола дар каноэи якнафара ба масофаи 1000 метр сазовори медали тилло шуда буд. Ӯ, ҳамчунин дар каноэи чорнафара ба масофаи 1000 метр ҳамроҳ бо Мустафо Даминов, Иван Ковалев ва Дилшод Ҷӯраев медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Ду медали дигарро варзишгарони мо дар Ҷоми Осиё сазовор шуданд. Абдусаттор Ғаффоров дар байдаркаи якнафарӣ ба масофаи 1000 метр медали биринҷӣ ба гардан овехт. Дар ин қувваозмоӣ ҷои аввалро Алексей Мочалов аз Узбекистон, ҷои дуюмро Ибрагим Шарафутдинов аз Қазоқистон ишғол намуданд.
Абдусаттор, ҳамчунин дар байдаркаи дунафарӣ ҳамроҳ бо Саидилҳомхон Назиров дар масофаи 1000 метр сазовори медали биринҷӣ гаштанд. Ҷуфти варзишгарони Қазоқистон – Давлат Султонбеков/Александ Эмелянов медали тилло, ҷуфти варзишгарони Узбекистон – Александр Тропин/Вилям Ибрагимов медали нуқра гирифтанд.
Чемпионати Осиё миёни ҷавонони то 23-сола ва Ҷоми Осиё оид ба қайиқронӣ дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон бо иштироки варзишгарони 15 давлати Осиё 20-25 октябр доир гардид.