Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Пирӯзии тими ҷавонони Тоҷикистон бар Чин

Пирӯзии тими ҷавонони Тоҷикистон бар Чин Пирӯзии тими ҷавонони Тоҷикистон бар Чин Пирӯзии тими ҷавонони Тоҷикистон бар Чин Пирӯзии тими ҷавонони Тоҷикистон бар Чин Пирӯзии тими ҷавонони Тоҷикистон бар Чин

21.10.2018

: 1002

Дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон дар даври аввали бозиҳои гурӯҳии чемпионати Осиё-2018, ки дар Индонезия ҷараён дорад, бар тими ҷавонони Чин ғалаба кард.

Вохурӣ дар варзишгоҳи “Патриот Сандрбага”-и шаҳри Бекасии Индонезия бо ҳисоби 1:0 анҷом ёфт. Голи ягонаро дар дақиқаи 77-уми дидор нимҳимоятгар Шарафҷон Солеҳов зад.
Ҳамин тариқ, тими ҷавонони мо дар гурӯҳи “D”-и чемпионати Осиё-2018 соҳиби 3 холи аввалин гардид. Дар бозии дигари гурӯҳ Арабистони Саудӣ бар Малайзия бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд.
Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон зери роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар даври дуюм бо тими ҷавонони Малайзия вомехурад. Ин бозӣ 23 октябр соати 17:00 бо вақти Душанбе оғоз мегардад. Дар бозии дигари гурӯҳ Арабистони Саудӣ бо Чин вориди рақобат мешаванд.
Сармураббии тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Мубин Эргашев дар нишасти матбуотии баъд аз бозӣ андешаҳояшро чунин баён кард:
- Ман дар нишасти матбуотии қабл аз бозӣ гуфта будам, ки мунтахаби Чин яке аз беҳтарин дастаҳои гурӯҳ мебошад ва имрӯз бозии хуб нишон дод. Бозӣ осон набуд ва ҳар ду даста имкон доштанд ғолиб оянд. Тавре яке аз дӯстони босниягиям мегуфт: Ин футбол аст ва пурқувватҳо ба пеш мераванд. Ба бачаҳо барои худфидоӣ ташаккур мегӯям. Онҳо аз тамоми имконияташон истифода карданд. Бозии аввал дар ҳамаи мусобиқаҳо барои руҳияи футболбозон муҳим аст. Умуман, бозӣ бароям писанд афтод. Ҳамчунин, ба мухлисоне, ки дар варзишгоҳ моро дастгирӣ карданд миннатдорӣ баён мекунам. Ташаккур ба ҳамаи онҳое, ки дар Ватан моро тамошо ва мухлисӣ намуданд. Тавре қаблан гуфта будам, муваффақияти тими наврасони кишвар дар чемпионати Осиё-2018 дар Малайзия барои мо ангезаи бузург аст.