Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ҷаҳонгир дар ЧҶ-2018 ҷои панҷумро ишғол кард

Ҷаҳонгир дар ЧҶ-2018 ҷои панҷумро ишғол кард Ҷаҳонгир дар ЧҶ-2018 ҷои панҷумро ишғол кард

20.10.2018

: 1129

Паҳлавони тоҷик Ҷаҳонгир Маҷидов дар чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни ҷавонон дар вазни -81 кг сазовори ҷои панҷум шуд.

Ҷаҳонгир, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар варзишгари Фаронса Паул Ливонси, дар даври сеюм бар намояндаи Латвия Никита Дуиновс ва дар чорякфинал бар варзишгари Бразил Гуилҳерма Шимидт ғалаба карда, ба нимфинал баромад. Дар нимфинал Ҷаҳонгир аз паҳлавони итолиёӣ Кристиан Парлатӣ, ки ғолиби ин вазн шуд, мағлуб гардид. Сипас дар рақобат барои ҷои сеюм аз гуштингири Гурҷистон Лука Маисурадзе шикаст хурда, ҷои панҷумро ишғол намуд.
Дар чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни ҷавонон паҳлавони дигари тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар вазни -73 кг гуштин гирифт. Сомон низ дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм варзишгари Молдова Ион Насуро мағлуб кард, вале дар даври сеюм аз намояндаи Қазоқистон Жанболат Багтбергенов шикаст хурд.
Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни ҷавонон дар шаҳри Нассауи Баҳама 17 октябр оғоз гардида буд ва фардо - 21 октябр ба анҷом мерасад. Дар қувваозмоиҳо 427 варзишгар (241 мард, 189 зан) аз 67 давлати дунё иштирок доранд.